Бахшида ба Рӯзи Парчам ба зиёда аз 100 нафар поккорони шаҳри Хуҷанд кумак расонида шуд

Ноябрь 19, 2021 11:24

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бахшида ба Рўзи  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулин ва кормандони ZET-MOBILE  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва  шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардўстонаю раъиятпарваронаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба зиёда аз 100  нафар рўбандаю поккорони шаҳри Хуҷанд  кумакҳои моддӣ  расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Кормандони ZET-MOBILE  ҳангоми тақдими маводи ниёзи аввал, ки он  аз  орд, шакар, равған, биринҷ, макарон, марҷумак, чойи хушк ва дигар маҳсулоти  ғизоӣ иборат буд,  таъкид  намуданд, ки  заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ  қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад. Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сироятӣ онҳо  дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештар ҳис намуда, корҳои назаррас анҷом доданд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 19, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд