БАРФИ АВВАЛ ДАР ДУШАНБЕ. Тамошои бориши он аз паси оина таскинбахш буда, ҳаловати тасвирношуданӣ дорад

Ноябрь 17, 2021 13:54

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Cукути зебои табиат, покизагии ҳавою нафас, тамошои бориши барф аз паси оина таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад. Агар аз тамошои паси парда берун бароӣ, барфи алмосӣ ба рўят дона-дона мерезад. Зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе барфи аввал борид. 

Дар бисёр шаҳрҳо барфро ҳамчун ҷозибаи асосии сайёҳии худ истифода мебаранд. Аз сабаби боридани барфи зиёд дар ин ҷойҳо шумо метавонед бо лижаронӣ ё дигар намуди варзиш шуғл варзед. Илова бар ин, майдонҳои барф манзараҳои афсонавӣ пешкаш мекунанд, ки метавонанд сайёҳони зиёдро ҷалб намоянд. Барф кристаллҳои хурди оби яхкардашуда мебошад, ки бо роҳи фурӯ бурдани қатраҳои об дар тропосфераи болоӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳангоме ки ин қатраҳои об бархӯрд мекунанд, онҳо муттаҳид шуда, барфчаҳоро ташкил медиҳанд. Вақте ки вазни  барф аз муқовимати ҳаво бузургтар аст, вай меафтад ва ба кӯрпаи зебои сафед мубаддал мегардад.

Муовини директори Иниститути масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Номвар Қурбонов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки бориши барфи аввал — ин нишонаи сард шудани Замин ва атмосфераи назди Замин мебошад.

Мавсуф зикр намуд, ки барфи аввал асосан аз қабати дуюми абрҳо, яъне абрҳои қабати миёна меборад. Ин абрҳо дар баландиҳои аз 2 то  6 километр ҷойгиранд. Барфи аввал аз барфҳое, ки давоми сол меборанд, фарқияти ҷиддӣ надорад. Танҳо ҳамин аст, ки мо аз гармиҳо ба фасли сармо меравем ва хунукиро якбора эҳсос мекунем, аз ин рӯ дар назари мо рӯзи бориши барфи аввал хунуктар метобад. Ин танҳо рӯ ба рӯ гардидан бо барфи аввал аст, сардиҳо  асосан моҳи январ ба амал меоянд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, боридани барфи зиёд сабаби захираи об дар кӯҳҳо гардида, тобистон дар натиҷаи об шудан дарёҳоро пуроб ва мардуму заминҳои киштро бо об таъмин менамояд. Хусусан захираи зиёди барф дар қаторкӯҳи Помир ба мамлакати мо зебоии дигар зам менамояд.

Вақте ки барф ба замин меафтад, он ҷамъ мешавад. То он даме ки ҳарорати муҳит зери сифр мешавад, барф боқӣ мемонад. Агар ҳарорат баланд шавад, барфҳо ба обшавӣ оғоз мекунанд. Ҳавое, ки дар он барфпӯшҳо ба вуҷуд меоянд, одатан -5 дараҷа хунук мебошад.

Ба иттилои олимон, тарзи афтидан ё тавлид ва тарзи нигоҳдории  намудҳои гуногуни барф мавҷуд аст.

Шабнам: Ин як намуди барф аст, ки бевосита дар замин ба вуҷуд меояд. Вақте ки ҳарорат аз сифр паст ва намӣ баланд аст, оби рӯи замин ях мекунад ва шабнамро ба вуҷуд меорад. Ин об, пеш аз ҳама, дар сатҳи шамол ҷамъ мешавад ва метавонад обро ба растаниҳо ва сангҳои рӯи замин интиқол диҳад.

Сарди яхбаста: фарқи байни ин ва шабнам он аст, ки ин барф шаклҳои шаффофи кристаллӣ, ба мисли баргҳоро ба вуҷуд меорад. Раванди ташаккули он аз шабнамҳои анъанавӣ фарқ мекунад. Он тавассути раванди сублиматсия ташаккул меёбад.

Барфи абрнок: Ин намуди барф бо сабукӣ тавсиф мешавад. Аз сабаби фарқияти ҳарорати байни ду канор ва маркази кристалл он ҳамоҳангиро аз даст медиҳад. Ин намуди барф барои лижаронӣ мувофиқ аст.

Барф низ ба монанди борону жола яке аз намудҳои бориши атмосферӣ буда, аз шумораи зиёди кристаллҳои об таркиб ёфтааст. Барф аз шумораи бениҳоят зиёди булӯрчаҳои хурди об таркиб ёфта, ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво то ба  0°С  кристаллчаҳои барф ҳосил мешаванд. Шакли булӯрчаҳои барф аз ҳарорати ҳаво вобаста мебошад ва олимон  14 намуди кристаллҳои онро  дар табиат муайян намудаанд, ки онҳо андозаҳои гуногунро соҳибанд.

Бори аввал соли 1611 астроном Иоҳан Кеплер асари илмие бо номи «Оид ба заррачаҳои шашкунҷаи барф» навишт, ки дар он кристаллҳои барфро аз нигоҳи геометрӣ дида баромад. Соли 1935 математик ва файласуфи фаронсавӣ Рене Декарт ба шаклҳои зарраҳои барф аҳамият дода, ақидаҳои илмии худро навишт.

Олими фаронсавӣ Р. Декарт дар асарҳои худ шакли барфакҳоро омӯхтааст. У. Бентли (фермери амрикоӣ) бори аввал акси саҳеҳи барфакро зери микроскоп ба даст овард (соли 1885). Ӯ давоми 46 сол зиёда аз 5000 акси барфакҳоро ҳосил кард. Дар натиҷаи омӯзиши ин аксҳо маълум шуд, ки ду барфаки сохташон яксон вуҷуд надорад. Намнокии сол аз миқдори боридани  бориш, бахусус барф муайян карда мешавад.

Маълумоти аҷоиб оид ба барф

Қариб нисфи аҳолии рӯи Замин барфи ҳақиқиро надидаанд.

Дар забони эскимосҳо барои ифодаи барф қариб 20 калима мавҷуд аст.

Дар сайёраи Миррих ҳам барф меборад. Аҷоибаш он аст, ки дар он ҷо ба ғайр аз барфи одӣ боз барфи аз гази карбонат ҳосилшуда низ меборад, ки одатан онро дар забони илм «яхи хушк» меноманд.

Заррачаи барф асосан 95% аз ҳаво таркиб ёфтаанд, ки суръати афтишашро кам менамояд (0,9 км/с).

Шоирони тоҷик дар ситоиши барф чун мӯъҷизаи табиат шеърҳои зиёди зебо низ иншо намудаанд. Ба қавли шоир Гулрухсор:

Барф меояд зи гардунҳои дур,

Бар сари олам кашад шоли сафед.

Ҳар кӣ хушком аст, нонаш талх нест

Ҳар кӣ берӯзист, дунё бо умед.

 Ва ё шоири дигар мегӯяд:

Зимистон мерасад, зеби замин барф,

Ба ҳар як заррааш сеҳрофарин барф.

Чӣ хуш аз осмон бар сар бирезад,

Чу садбарги сафеду ёсамин барф.

Ва ё

Барфи аввал муждаи хурсандиҳост,

Зевари ҳусни нурафшони Ватан!

Дурри ғалтон ё худ эҳсони Худост,

Мояи сарсабзии боғу чаман.

Барфи аввал ҷомаи поки замин,

Реза-реза борад аз сақфи фалак.

Дашту саҳро ин қадар ҳам нозанин,

Аз фурӯғаш шодмон моҳу малак.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2021 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд
Ҳайати меъморон ва сохтмончиёни вилояти Фарғонаи Узбекистон барои омӯзиши таҷрибаи шаҳрсозӣ ба Душанбе омад
Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст