Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳуҷҷатҳои аз дастдодаи 17 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ барқарор гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар натиҷаи сўхтор ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд, дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия соҳиби шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин ҷуброни молу ашёи талафёфтаи 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар сўхтор бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз ҷониби корфармо пардохт гардид.
Ёдовар мешавем, ки 20 октябри соли 2021 дар ҳудуди иншооти сохтмонӣ, ки дар назди метрои «Рассказовка»-и шаҳри Москваи Федератсияи Русия воқеъ гардидааст, сӯхтор ба амал омад. Дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи шартнома бо 4 ширкати сохтмонӣ ба кор ҷалб шуда, 80 нафари онҳо дар хобгоҳи ҳамин макони оташгирифта иқомат мекарданд. Дар натиҷаи сухтор тақрибан 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё ва зиёда аз 17 нафарашон ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд.
Мавриди зикр аст, ки Сафорат чунин ҳолатҳоро пайгирӣ намуда, дар ҳалли мушкили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Маълум гардид, ки сӯхтор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст. Ҳамчунин роҳбарияти ширкати мазкур дар таъмин кардани шаҳрвандон бо хобгоҳ, маводи либоса ва дигар лавозимоти зарурӣ омодагии худро изҳор намудааст.
АКС: Сафорати ҶТ дар ФР








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






