Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо ширкати швейтсариягии «Landgart AG» ҳамкорӣ ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати швейтсариягии «Landgart AG» зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Директори минтақавӣ оид ба савдои ширкати «Landgart AG» хонум Муриел Шулер ва намояндаи тиҷоратии ин ширкат Томас Лиро дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд аз БМТ ба АМИТ «Ховар».
Намояндагони ширкати «Landgart AG» доир ба паҳлуҳои фаъолияти ширкат, аз ҷумла оид ба хусусияти хоси раванди истеҳсоли коғази аълосифат, барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии он, ҳамкорӣ бо бонкҳои марказии кишварҳои гуногун бо истифода аз рӯнамо маълумот манзур намуданд. Зикр шуд, ки ширкати Landgart AG» соли 1872 дар Швейтсария таъсис ёфта, асосан ба истеҳсоли коғазҳои аълосифат барои барориши пулҳои коғазӣ, коғазҳои қиматнок ва намудҳои дигари ҳуҷҷатҳо бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва дастовардҳои муосири илмиву технологӣ машғул аст.
Ширкат бо бонкҳои марказии беш аз 50 давлати дунё, назири Швейтсария, Қазоқистон, Камбоҷа, Малайзия ва Марокаш дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва такмили унсурҳои ҳимоявии пул ҳамкорӣ дошта, яке аз афзалияти он истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Мусоҳибон инчунин масоили марбут ба ҳамкории минбаъдаи БМТ ва ширкати «Landgart AG»-ро матраҳ намуданд. Намояндагони ширкати «Landgart AG» Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзодаро ҷиҳати боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти ширкат ба қароргоҳи марказии «Landgart AG»- Швейтсария даъват намуданд.
АКСҲО: БМТ










Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1119 сомонӣ муқаррар гардидааст
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид






