Дар Афғонистон бар зидди толибон* ҷанги партизанӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шарқи Афғонистон, дар музофоти Лағмон рақибони мусаллаҳи “Толибон”* ба муқобили ҳаракате, ки дар мамлакат ҳокимиятро ба дасти худ гирифтааст, ҷанги партизанӣ cap карданд. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба изҳороти партизанҳо хабар медиҳад.
«Муҷоҳидин ва муборизони ҳуқуқ ва озодӣ дар вилояти Лағмон барои таъмини адолат дар кишвар ва хотима бахшидан ба истилоъ ба амалиёти партизанӣ ва ҷангҳо шурӯъ карданд”,- гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҷанговарони зидди толибон зикр карданд, ки онҳо Ҷабҳаи миллии муқовиматро бо сардории Аҳмад Масъуд ҷонибдорӣ мекунанд.
Моҳи октябр раиси Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон Абдул Латиф Пидром, ки муқовиматро дастгирӣ менамояд, эълом дошт, ки неруҳои муқовимат дар Афғонистон ҷанги партизаниро алайҳи толибон* идома медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, неруҳои муқовимат водиҳои кӯҳӣ ва теппаҳои баланди ду тарафи шоҳроҳи асосиро, ки аз дараи Панҷшер мегузаранд, дар ихтиёр доранд, вале худи гузаргоҳ таҳти назорати радикалҳо қарор дорад.
__________________________
* «Толибон» — ташкилоте, ки СММ мамнӯъ эълон кардааст
АКС: bb.lv








Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид






