Дар Афғонистон бар зидди толибон* ҷанги партизанӣ оғоз шуд

Ноябрь 10, 2021 12:28

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шарқи Афғонистон, дар музофоти Лағмон рақибони мусаллаҳи “Толибон”* ба муқобили ҳаракате, ки дар мамлакат ҳокимиятро ба дасти худ гирифтааст, ҷанги партизанӣ cap карданд. Дар ин бора хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба изҳороти партизанҳо хабар медиҳад.

«Муҷоҳидин ва муборизони ҳуқуқ ва озодӣ дар вилояти Лағмон барои таъмини адолат дар кишвар ва хотима бахшидан ба истилоъ ба амалиёти партизанӣ ва ҷангҳо шурӯъ карданд”,- гуфта мешавад дар изҳорот.

Ҷанговарони зидди толибон зикр карданд, ки онҳо Ҷабҳаи миллии муқовиматро бо сардории Аҳмад Масъуд ҷонибдорӣ мекунанд.

Моҳи октябр раиси Ҳизби  кунгураи миллии Афғонистон Абдул Латиф Пидром, ки муқовиматро дастгирӣ менамояд, эълом дошт, ки неруҳои муқовимат дар Афғонистон ҷанги партизаниро алайҳи толибон* идома медиҳанд. Ба гуфтаи ӯ, неруҳои муқовимат водиҳои кӯҳӣ ва теппаҳои баланди  ду тарафи шоҳроҳи асосиро, ки аз дараи Панҷшер мегузаранд, дар ихтиёр доранд, вале худи гузаргоҳ таҳти назорати радикалҳо қарор дорад.

__________________________

* «Толибон» — ташкилоте, ки СММ мамнӯъ эълон кардааст

                                                                                                  АКС: bb.lv

Ноябрь 10, 2021 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд