Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» баррасӣ гардид

Ноябрь 22, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки дар доираи амалисозии барномаҳои давлатии рушди соҳаи парандапарварӣ ва додани имтиёзҳо миқдори корхонаҳои парандапарварӣ соли 2021 дар кишвар ба 194 адад расида, дар онҳо зиёда аз 10,5 млн сар паранда парвариш карда мешаванд. Дастгирии давлатии соҳа имконият дод, ки парандапарварӣ ба яке аз соҳаи асосӣ ва афзалиятнок дар таъмини амнияти озуқавории кишвар табдил ёфта, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузорад.

Бо дарназардошти дар раванди такмили қонуни амалкунанда мушаххас кардани мафҳумҳо, бартараф кардани мухолифат дар таълифи меъёрҳо, принсипҳо, объект ва субъектҳои соҳаи парандапарварӣ, дастгирии давлатии соҳа, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи парандапарварӣ ва самтҳои фаъолияти он аз нисф зиёд ворид намудани тағйиру иловаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонун аз 4 боб ва 17 модда иборат мебошад. Мақсади лоиҳаи қонун мутобиқгардонии фаъолияти соҳа ба талаботи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз байн бардоштани монеаҳо дар танзими фаъолияти устувори соҳа мебошад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 12 ва 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 31, 34, 38 ва 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АКС: МН МО ҶТ

Ноябрь 22, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид