Дар АМИТ ҷаласаи Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор шуд, — иттилоъ доданд аз Академияи миллии илмҳо ба АМИТ «Ховар».
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки комиссияи мазкур даври сеюми озмунро баррасӣ менамояд ва дар даври ниҳоии он ғолибон муайян мешаванд. Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ аз 17 то 20 ноябр баргузор мегардад.
Президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар мавриди бурду бохти се даври озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот дода, зикр намуд, ки роҳандозӣ шудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аксар истеъдодҳои ҷавонро дар самти илмҳои табиатшиносӣ муаррифӣ кард ва ин дастовард дар озмунҳои пешин мушоҳида намешуд.
Ба андешаи Фарҳод Раҳимӣ, муосирият, ки баъзан замони постмодернизм муаррифӣ мешавад, рушди тафаккури техникиро ба бор овард ва айни замон тамоми робитаҳо ва вижагиҳои табодул ва иртиботи байни давлатҳо тавассути технологияи рақамӣ анҷом меёбанд. Ба ибораи дигар, бидуни тафаккури техникӣ ва таъмин намудани воситаҳои коммуникатсионӣ барои инсони масъул наметавон дар марзи як кишвар раванди муосирсозиро такмил дод. Ҳатто таҳияи ҳукумати электронӣ дар дилхоҳ давлате танҳо дар сурати рушди тафаккури техникии шаҳрвандон имконпазир хоҳад шуд, вагарна ақибмонии мо аз кишварҳои тавсеаёфта рӯз аз рӯз идома ёфта, оқибат ин тафовут моро аз ҷаҳони муосир ҷудо мекунад. Пешвои миллат барои рафъ сохтани ин тафовут роҳандозӣ шудани озмунҳои гуногунро тавсия дод, то тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмию фарҳангии ҳамватанони мо тақвият ёбад. Гузашта аз ин, бо дарназардошти омилҳои фарҳангӣ, илмӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодию сиёсии авзоъ ва аҳволи кишварҳои рӯ ба инкишоф солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид, ки аҳамияти стратегӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Маҳмадюсуф Имомзода, директори Институти математикаи АМИТ, академик Заррулло Раҳмонов ва дигарон маърӯза намуда, мушкилиҳоро баррасӣ намуданд.
АКСҲО: АМИТ








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






