Дар ҳамоиши Тошканд Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоиши роҳбарони иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки зимни он бо имзои ҳуҷҷатҳо Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Дар ҳамоиши мазкур Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) Маликшо Неъматзода, раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи се давлат ва ҳамчунин мудири бахши кор бо меҳнаткашони қисмати Аврупоӣ ва Осиёи Марказии Ташкилоти Байналмилалии меҳнат Сергиус Гловатскас, котиби иҷроияи минтақаи Аврупоии Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқҳои касаба Антон Лепик ва сармутахассис оид ба кор бо меҳнаткашони Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Бюрои Ташкилоти Байналмилалии меҳнат Гоча Александрия тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Яке аз масъалаҳои ҳамоиш- таъсиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода лоиҳаи Оиннома ва мақсаду мароми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро муаррифӣ намуд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалдӣ Даулаталин зарурати таъсиси Шӯроро ҷонибдорӣ намуда, вобаста ба интихоби роҳбарияти мақоми иҷроия ибрози ақида кард.
Зикр карда шуд, ки роҳбарии Шӯро давравӣ буда, роҳбарони иттифоқҳои касабаи давлатҳои аъзо ба мудати як сол котиби генералии Шӯро интихоб мегарданд.
Шӯро бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории иттифоқҳои касабаи минтақа, тадбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳуриҳои минтақа дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, солимгардонӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандон, аъзои оилаи онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудааст.
АКС: ФИКМТ









АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






