Дар ҳамоиши Тошканд Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис ёфт

Ноябрь 11, 2021 11:14

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҳамоиши роҳбарони иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид, ки зимни он бо имзои ҳуҷҷатҳо Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.

Дар ҳамоиши мазкур Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) Маликшо Неъматзода,  раисони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи се давлат  ва ҳамчунин мудири бахши кор бо меҳнаткашони қисмати Аврупоӣ ва Осиёи Марказии Ташкилоти Байналмилалии меҳнат Сергиус Гловатскас, котиби иҷроияи минтақаи Аврупоии Конфедератсияи Байналмилалии Иттифоқҳои касаба Антон Лепик ва сармутахассис оид ба кор бо меҳнаткашони Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Бюрои Ташкилоти Байналмилалии меҳнат Гоча Александрия тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Яке аз масъалаҳои ҳамоиш- таъсиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мерафт. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода лоиҳаи Оиннома ва мақсаду мароми Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро муаррифӣ намуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қазоқистон Сатибалдӣ Даулаталин зарурати таъсиси Шӯроро ҷонибдорӣ намуда, вобаста ба интихоби роҳбарияти мақоми иҷроия ибрози ақида кард.

Зикр карда шуд, ки роҳбарии Шӯро давравӣ буда, роҳбарони иттифоқҳои касабаи давлатҳои аъзо ба мудати як сол котиби генералии Шӯро интихоб мегарданд.

Шӯро бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкории иттифоқҳои касабаи минтақа, тадбиқи ҳадафҳои Ҳукумати ҷумҳуриҳои минтақа дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат, солимгардонӣ, ҳифзи иҷтимоии кормандон, аъзои оилаи онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис дода шудааст.

 АКС: ФИКМТ

Ноябрь 11, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ