Дар Бадахшон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таҳти назорат гирифта шуданд

Ноябрь 20, 2021 10:45

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Низом Мирзозода бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилоят аз наздик шинос шуд. Бо ин мақсад  гурӯҳи корӣ ба  ноҳияи Рӯшон рафта, бо  ҷараёни  корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин минтақа шинос шуд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Маълум гардид, ки сокинони деҳаи Поҷвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо маблағгузории шарикони рушд ва саҳмгузории сокинони деҳаи Поҷвар аз тарафи Афғонистон дандонсадда сохта истодаанд.  Дандонсаддаи мазкур  барои соҳили чапи дарёи Панҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатар эҷод мекунад.  Он сабаби аз байн бурдани зиёда аз 140 гектар заминҳои корами обии деҳаҳои Дерзуд, Барзуд ва Баррӯшони ҷамоати деҳоти Н. Додихудоеви ноҳияи Рӯшон гардида, инчунин эҳтимолияти хатари шусташавии роҳи байналмилалии Хоруғ- Душанбе, зери об мондани як адад фермаи чорводорӣ, 20 адад хонаи истиқоматӣ, базаи лагистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба вуҷуд меорад.

Бинобар ин муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Низом Мирзозода оид ба корҳои сохтмонӣ нисбат ба  ин масъала эроди ҷиддӣ гирифта, ба маъсулини сохтмон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.

Ҷараёни  иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  қарор дорад.

АКСҲО: МИҲД-И ВМКБ

Ноябрь 20, 2021 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад