Дар Душанбе ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷараёни амалишавии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва Нақшаи амали Стратегияи мазкур дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар кори ҷаласа мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода, Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ Нурулло Саидов, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигорахон Ғаффорзода, Вазири маориф ва илм Маҳмадюсуф Имомзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Парвина Меликова ва дигар аъзои Шӯро иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиёни маҷлис доир ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон, татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Стратегияи мазкур аз 11 боб ва 77 банд ва нақшаи амали он аз 8 боб, 27 банд ва 74 зербанд иборат мебошад.
Дар фарҷом доир ба масъалаҳои баррасигардидаи рӯзномаи маҷлис саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон моҳи апрели соли 1996 дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷамъиятӣ (9 марти соли 1996 ба тасвиб расидааст) созмон ёфта, ба он ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва ташкилоти ғайридавлатӣ шомил мебошанд.
Ба Шӯро бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»










Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид






