Дар Душанбе Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории форуми мазкур хабар медиҳад.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми миллӣ буда, дар кори он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Зариф Ализода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, директори кишварии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Саломе Штайб ва дигар намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламент, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти байналмилалии муқими Душанбе, коршиносони мустақил ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Зикр карда шуд, ки форуми миллӣ маротибаи ҳафтум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳамасола доираи форум васеъ мегардад.
Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун ягона пойгоҳе мебошад, ки ҳуқуқшиносони мамлакатро барои муайян намудани афзалият ва таҳияи пешниҳодҳо барои мусоидат намудан ба волоияти қонун ва дастрасӣ пайдо кардан ба адолати судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид месозад.
Аз ҷониби ташкилкунандагони форум иттилоъ дода шуд, ки ҳадафи Форуми миллӣ- муайян намудани мушкилоте, ки барои таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳо тавассути табодули таҷриба ва муҳокимаи озод ва инчунин таҳияи тавсияҳои мушаххаси пешниҳодҳо бо мақсади таъмин намудани волоияти қонун дар Тоҷикистон ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун аст.
Дар форуми мазкур масъалаҳо вобаста ба ислоҳоти низоми судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи 16 Ҳадафҳои Рушди Устувори Созмони Милали Муттаҳид, Гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбитраж ва роҳҳои муосири алтернативии ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Форуми ҳафтуми миллӣ дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар форум аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ зикр карда шуд, ки форуми миллӣ минбари мувофиқест, ки дар он намояндагони мақомоти давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд масъалаҳо ва мушкилоти муҳимро муҳокима карда, роҳҳои ҳалли онро якҷоя ҷустуҷӯ намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки маҳз давлат дорандаи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон буда, мувофиқан дорои салоҳият ва ваколатҳои марбут аст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд ба иҷрои функсияҳои мақомоти давлатӣ кўшиш намояд. Фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ба таҳкими ниҳодҳои давлатӣ, ки ҳуқуқҳои инсонро таблиғ ва ҳимоя мекунанд, равона карда шавад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ёвари хуби давлат бошад, зеро он доимо бо мардум дар тамос буда, дар бораи мушкилоти маҳал маълумоти бештар дорад. Ҳамкории байни сохторҳои давлатӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад ислоҳотро то ҳадди имкон самараноктар гардонад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






