Дар Душанбе Форуми занони соҳибкор гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор 19 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Воситаҳои муосири рушди соҳибкории занон» Форуми соҳибкорзанон гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Форуми бонувони соҳибкор бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар шарикони рушд гузаронида мешавад.
Рушди соҳибкорӣ миёни занону бонувон аз ҳадафҳои асосии Форум буда, он дар се бахш -заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди фаъолияти соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди иқтидори бонувон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути барномаҳои дастгирӣ, васеъ намудани имконият дар минтақаҳо, васеъ намудани имконият барои бонувон бо воситаҳои молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои электронӣ гузаронида мешавад.
Дар доираи Форум намоиши молу маҳсулоти бонувони соҳибкор ба маъраз гузошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии занони соҳибкор ҳамасола 19 ноябр таҷлил мешавад.
Акс аз манбаъҳои боз








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






