Дар Душанбе таҳти унвони «Дурахши ахтари дониш зи Истиқлол бошад» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода имрӯз таҳти унвони «Дурахши ахтари дониш зи Истиқлол бошад» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат ва омӯзгорону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадюсуф Имомзода дар кушодашавии Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» иштирок намуда, зикр намуд, ки Донишкадаи мазкур дар даврони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гаштааст. Таҳсили донишҷӯёни ин донишкада дар донишгоҳу донишкадаҳои байналмилалии давлатҳои хориҷи кишвар далели ин гуфтаҳост.
Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки ин донишкадаи такягоҳӣ ягона донишкада дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дар самти таёр намудани мутахассисон бо ихтисосҳои забонҳои гуногун фаъолият мекунад. Ректори донишкадаи мазкур Жило Гулназарзода иброз дошт, ки донишкада дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти худро ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар соҳаи маориф ва илм равона карда, дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси забондон саҳми арзанда мегузорад.
30 барномаи зинаи бакалавриат, 5 барномаи зинаи магистратура ва 5 барномаи зинаи докторантура аз рӯи ихтисос, ки 28-тои он дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфтаанд, аз ҷумлаи дастовардҳои ин давраанд.
Бино ба иттилои мавсуф, дар Донишкада нисбат ба соли 1991 шумораи донишҷӯён 50,6 фоиз зиёд гардида, ҳамчунин 79,8 фоиз зиёд гардидани қабули донишҷӯён, таълиму тадрис бо технологияҳои муосир ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои интернетӣ яке аз дастовардҳои Донишкада дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Дар Донишкада Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» ифтитоҳ гардид. Декани факултети забони англисии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Зубайдулло Мусайямов дар суҳбат бо мо гуфт, ки ифтитоҳи Маркази омодакунии имтиҳони байналмилалии «TOEFL» таҷрибаи аввал дар байни муассисаҳои олии мамлакат мебошад, ки ҷиҳати омода кардани донишҷӯён барои супоридани имтиҳони сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Дар марказ мутахасисони сатҳи байналмилалӣ ҷалб гардидаанд, ки бо довталабон дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мегузаронанд. Яке аз имконияти ин марказ бархурдор гардидани дорандагони сертификати имтиҳони байналмилалии «TOEFL» аз бурсияҳои давлатҳои Аврупо, Амрико ва Канада мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар Донишкада соли 2021 ҳамчун соли чопи китобҳо эълон шуда, имрӯз зимни ҳамоиш китобҳои тозанашри замони соҳибистиқлолӣ рӯнамоӣ гардиданд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишкада пешниҳоди ҳозирин гардид.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: ДДЗТ











«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд






