Дар Гулистон мусобиқаи варзишӣ оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиш мусобиқаи варзишӣ аз намуди бокс миёни наврасону ҷавонони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва маркази шаҳр дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 67 нафар тамринкунандагони ин намуди варзиш дар вазнҳои гуногун миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа 30 нафар варзишгарон ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи вазнҳои гуногун мушарраф гардиданд. Ғолибон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон бо диплом ва медал қадрдонӣ шуданд.
Дар мусобиқа масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва мактаби варзишӣ иштирок доштанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






