Дар Хатлон доир ба ҷараёни маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи сафарбарии навҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Носири Хусрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат иҷро шуда, шаҳру навоҳии Норак, Данғара, Балҷувон, Темурмалик дар арафаи иҷрои нақша қарор доранд. Ин матлаб зимни ҷаласаи корие, ки 18 ноябр дар вилояти Хатлон бо иштироки Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир ба ҷараёни маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳо баргузор гардид, зикр шуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи корӣ раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулони комиссияҳои даъват иштирок намуданд.
Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо доир ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои масъулони маъракаи даъват сухан ронда, таъкид намуд, ки нақшаи даъват бояд дар вақти муайянгардида иҷро шавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки хизмат дар сафи артиши миллӣ барои ҳар ҷавон мояи шарафу сарбаландист. Ҷавононро дар ҳамин рӯҳия бояд тарбия кард. Корҳои ташвиқотӣ, оммафаҳмонӣ, ҳавасмандсозии ҷавонон бояд вусъат дода шуда, ҳисси ифтихори ватандории насли наврасу ҷавон боло бурда шавад.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи тирамоҳии даъвати ҳарбӣ аз 1 октябр то 30 ноябр идома меёбад.
Дар ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин доир ба омодагии соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба мавсими сармои пешорӯ, иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта, андозҳо таҳлилу масъалагузорӣ карда, ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо ба масъулон дастуру супоришҳо дод.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон










80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






