Дар Хатлон оид ба инъикоси касбии пандемияи COVID-19 барои рӯзноманигорон машварат доир шуд

Ноябрь 9, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 9.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар давраи пандемияи COVID-19» барои рӯзноманигорони расонаҳои электронию чопӣ ва кормандони хадамоти матбуоти мақомоти тандурустии вилояти Хатлон машварати таълимӣ доир шуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ин чорумин тренинг аз силсилаи омӯзишҳоест, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» (TEC-19) гузаронида шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад. Шарики иҷроияи тренингҳо Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон (АТҶТ) мебошад.

Директори Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон Рустам Турсунов иброз дошт, ки ҳадафи асосии ин машварат- баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони матбуот оид ба бемории нави сироятии COVID-19, омӯзонидани онҳо ҷиҳати паҳн кардани иттилооти воқеӣ ва боэътимод тавассути шабакаҳои ВАО бо мақсади тарғиби рафтори мувофиқи тамоми табақаҳои ҷомеа дар шароити пандемия мебошад. Тренингҳо инчунин ба баланд бардоштани иқтидори коммуникатсионии хадамоти матбуоти вазорату идораҳо барои ҳамкории минбаъда бо аҳолӣ ва ВАО мусоидат мекунанд.

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки вобаста ба паҳн кардани иттилооти боэътимод дар бораи манфиатҳои ваксина ва нақши муҳими он дар наҷоти ҳаёти одамон мусоидат намоянд.

Коршиносони соҳаи тиб ҳамчунин иброз доштанд, ки саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар фарди ҷомеа аз маъракаи бомуваффақияти эмгузаронӣ вобастагӣ дорад ва аз рӯзноманигорон даъват карданд, ки ҳарчӣ зудтар дар эҷоди масунияти оммавӣ кумак кунанд, ки ин шарти муҳими рафъи пандемия хоҳад буд.

Тренерҳои ВАО роҳҳои пешниҳоди маълумотро дар бораи сирояти коронавирус бо назардошти жанр ошкор намуда, ба иштирокчиён усулҳои тасдиқи иттилоотро омӯзониданд.

Ноябрь 9, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд