Дар Лахш ба муносибати Рӯзи Конститутсия силсиламаҷлисҳои тантанавӣ доир шуданд

Ноябрь 5, 2021 11:33

ЛАХШ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ҳукумати ноҳияи Лахш ва ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникӣ, Коллеҷи омӯзгории ноҳия ва кормандони соҳаи тандурустӣ таҳти унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат» силсиламаҷлисҳои тантанавӣ доир намуданд.  Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ҳамчунин ба ифтихори ин санаи муҳим дар Литсейи касбӣ- техникии ноҳияи Лахш барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои дастиву маҳсулоти нонӣ  доир  шуд.

Дар ҳамоишҳо зикр карда шуд, ки “Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гашта, хусусияти хоси давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум ва дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро ифода менамояд”.

Сокини ноҳияи Лахш  Гулрухсор Олимзода гуфт, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар халқи Тоҷикистонро ба сифати сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ муқаррар мекунад ва давлатро вазифадор месозад, ки манфиати ҳамаи гурӯҳу табақот, қавму миллатҳоеро, ки ҳамчун халқи Тоҷикистон эътироф шудаанд, яксон ҳифзу ҳимоя кунад.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Ноябрь 5, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд