Дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир шуд

Ноябрь 6, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 6.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баъди қабули Конститутсия барои амалӣ намудани нишондоди он наздик ба 400 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳои навини ҷомеаро ба роҳ монда, барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, устувор гардонидани рукнҳои асосии давлатдорӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлатӣ, барқарор намудани асосҳои сохти сиёсӣ ва иқтисодӣ шароит фароҳам овард, ин нукта рӯзи 5 ноябри соли равон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид,хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи ҳисоб.

Ҳамчунин зимни ҷаласа Раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошт.

Қарахон Чиллазода дар идома иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифта,  яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Муовини Раиси Палатаи ҳисоб Файзалӣ Аҳмадзода ва дигар кормандони Палата зимни суханронӣ иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму иродаи халқи Тоҷикистон мебошад.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст