Дар Пентагон изҳор намуданд, ки ҷаҳон ба асри бесуботӣ ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба давраи ноустувории стратегӣ ворид шуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ акнун танҳо 3 маркази қувва таъсис меёбад-Русия, Чин ва ИМА. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, бо чунин пешгӯӣ дирӯз, 3 ноябри соли ҷорӣ раиси Кумитаи сардорони шуъбаҳои Қувваҳои мусаллаҳи ИМА, генерал Марк Милли (ДАР АКС) баромад намуд.
«Мо ба ҷонибдории сулҳу субот бо 3 қувва баромад мекунем, дар ҳоле, ки ИМА, Русия ва Чин-ҳама қувваҳои бузург маҳсуб мешаванд»,-зикр намуд фармондеҳи амрикоӣ зимни баромади хеш дар Форум оид ба бехатарӣ, ки аз ҷониби Институти Аспенск доир карда шуд. «Мо, ба андешаи ман оламеро ҷонибдорӣ хоҳем кард, ки бештар дар лиҳози кулл ноустувортар аст, нисбат ба 40, 50, 60 ва ё 70 соли охир»,-изҳор дошт Милли.
Ба андешаи ӯ, «ҷонибдории сулҳ миёни абарқудратҳо» арзиши баландтар пайдо хоҳад намуд. «Мо дар остонаи 76-умин соли сулҳ миёни қувваҳои бузург ҳастем. Ва мо, ба андешаи шахсии ман, ба марҳилае ворид мешавем, ки дар он ноустуворӣ ва эҳтимоли хатари зиёд вуҷуд дорад. Мо (ИМА), Русия, Чин ва инчунин ҳамаи дигар давлатҳо, ҳама шарикон ва иттифоқчиён [Вашингтон], мебояд хеле ва хеле эҳтиёткор бошем<…> дар робита ба он ки дар оянда бо якдигар чӣ гуна муносибат менамоем»,-ҳушдор дод сардори Кумита.
АКС: static.blitz.bg








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






