Дар Панҷакент маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи олими шинохтаи тоҷик Аълохон Афсаҳзод доир гардид

Ноябрь 25, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири пос доштани заҳматҳои донишманд, адабиётшинос ва ҷомеашиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар назди МТМУ №64 деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ нимпайкараи олими номвар мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Аълохон Афсаҳзод 10 ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, аз соли 1961, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ пардохта, аз соли 1972 то охири умр мудирии бахши матншиносии пажӯҳишгоҳи номбурдаро бар уҳда дошт.

Пиромуни ҷанбаву масъалаҳои умдаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, бунёду меъёри илмии матншиносии кунунӣ, дастовардҳои суханварони шӯравии тоҷик, ҳусну қубҳи осори театру драматургияи миллӣ, раванди равобити адабию фарҳангӣ ва падидаҳои назарраси адабиёти ҳамзамони ҳамзабонон бештар аз 800 асару мақолаи илмиву оммавӣ нигоштааст.

Беҳтарин навиштаҳои Аълохон Афсаҳзод оид ба театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллӣ дар маҷмӯаи «Зиндагӣ дар саҳна» (1985) гирдоварӣ шуда, дар онҳо масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷик мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтаанд.

Доираи пажӯҳиши илмии Аълохон Афсаҳзод пурдомана бошад ҳам, дар таҳқиқи мушкилиҳои таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва нашри осори фарҳангу тамаддуни гузашта саҳми бештару пурсамартаре дорад.

Дар рисолаҳои тадқиқотии ӯ «Ҳофизи Шерозӣ»  (1971), «Камоли   Хуҷандӣ» (1976), «Ифтихори Шарқ» (1978), «Низомии Ганҷавӣ» (1995), «Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал» (1996), «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003, 2008) ва ғ., кутуби илмию оммавии «Ҳофизнома» (1971),       «Абдураҳмони       Ҷомӣ»      (1978), «Академик Абдулғанӣ Мирзоев» (1984), куросаҳои       «Пайванди      қарнҳо»     (1989), «Суннатҳои устувор ва навпардозиҳои эчодкор» (1989) умдатарин масъалаҳои рушду таҳаввули шеъри гузаштаи форсӣ, барҷастатарин симоҳои адабиёти классикӣ ва хадамоти шоистатарин муҳаққиқини кунунӣ ҳаллу фасли ҷиддӣ ёфта, маҷмӯаҳои  «Дар сафи бузургон» (1986) ва «Корвони сухан» (1994) аз чеҳраҳои эҷодии Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ фароҳам омадаанд.

Ва ин ҳама навиштаҳои ӯ мабнӣ бар маводу мадорики фаровоне буда, фикру зикри тоза ва хулосаҳои ҷиддии илмиро пешниҳод мекунанд.

Аълохон Афсаҳзод аз соли 1963 то дами вопасини ҳаёташ ба таҳқиқу баррасии аҳволу омол ва нашру тадқиқи осори суханвари бузурги форсу тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ машғулӣ дошта, камтар олиме дар чунин муддати тӯлонӣ ва мақсадноку ҳадафгир аз пайи пажӯҳиши ҳаёту эҷоди адибе пардохтааст.

Ин донишманди заҳматписанд маҳз дар мавзӯи осору афкори Ҷомӣ рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ намуда, ба ҳайси яке аз муваффақтарин Ҷомишиносони ҷаҳон эътирофу эҳтироми ҳамагонро соҳиб гардидааст.

Нашри матни илмии интиқодии чандин асарҳои Ҷомӣ дар Маскаву Душанбе, бахусус «Баҳористон»  (1972,  1987,  2014),  «Лайлӣ  ва Маҷнун» (1974),  «Фотиҳат-уш-шубоб» (1978), «Воситат-ул-иқд» ва «Хотимат-ул-ҳаёт» (1980) аз дастовардҳои барҷастаи илми матншиносии шӯравӣ буда, тавассути онҳо принсипҳои матнсозии мактаби қавибунёди матншиносии Аълохон Афсаҳзод таъину таъмин гардидаанд. Ва ин мактаб дар асоси таркиббандии таҷрибаи матншиносони адабиёти даврони атиқаи Юнону Рим ва  дастовардҳои матншиносии Эрону Шӯравӣ   барқарор гардида,     қатъан        ҳуҷҷатӣ будани матни мунташираро талаб мекунад.

Дар инҳироти ҳамин мактаб ва таҳти раҳбарии Аълохон Афсаҳзод матни илмии интиқодии     достонҳои «Туҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр»,   «Саломону  Абсол», «Хирадномаи Искандарӣ» ва «Номаҳо»-и Ҷомӣ, «Хусраву Ширин»-и Ҳотифӣ, «Девон»-и Шавкати Бухороӣ, «Козурписар»-и Фитрати Зардӯз, «Лайлӣ    ва   Маҷнун»-и   Шоҳин, «Масолик-ул-мамолик»-и Возеҳ, тазкираҳои асри ХIХ ва амсоли онҳо дастраси аҳли тадқиқ гаштаанд.

Рисолаҳои «Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (1970), «Рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри ХV» (1987), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (Маскав, 1988), «Ҷомӣ шоири ғазалсаро» (1989) ва «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989) аз беҳтарин дастовардҳои олиму илми адабиётшиносии тоҷик ба ҳисоб рафта, бо академизми худ имтиёз доранд ва дар дойираҳои ховаршиносии ватанию хориҷӣ сазовори баҳои баланди илмӣ гардидаанд.

Аз хидматҳои дигари шоистаи Аълохон Афсаҳзод яке он аст, ки дар нашру табъи зубдаи осори манзуму мансури бадеӣ ва таърихиву фаннии ниёконамон иқдомоти пурсамаре барниҳода, дар давоми ду даҳсола ба шохаи нави мактаби матншиносии худ: нашри офаридаҳои гузаштагон ба ҳуруфи кунунӣ асос гузоштааст.

Ва ба саъйи раҳбару ҳиммати кормандони ин мактаби заҳматталаби илмию эҷодӣ то имрӯз тазкираи ҷомеъи «Гулшани адаб» (дар 5 ҷилд), Осори Ҷомӣ (дар 8 ҷилд), «Куллиёт»-и Саъдӣ (дар 4 ҷилд), «Осори мунтахаб»-и Амир Хусраи Деҳлавӣ (дар 4 ҷилд) ва намунаҳои эҷоди Рӯдакӣ, Румӣ, Хайём, Манучеҳрӣ, Фаттоҳӣ, Ҳотифӣ, Калим, Саййидо, Бархурдор, Дарвеш, Нозим, Шавкат, Шоҳин, Фитрат, Туғрал ва гулчини «Дурдонаҳои наср» (дар 4 ҷилд) дастраси умум гардидаанд, ки дар савияи баланди текстологӣ анҷом ёфтаанд.

Аълохон Афсаҳзод на танҳо сарвари як идда ховаршиноси ҷавон, раҳбари як қатор аспиранту докторант, устоду раҳнамои як даста матншиносони варзида ва ёру ёвари чандин аҳли қаламу ҳунар, балки муаллиму мураббии талабагони мактабҳои оливу миёна низ будааст.

Даҳҳо шогирдонаш дар Самарқанду Бухоро ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа машғули таълиму тадриси толибилмон буда, барои муаллимон чандин дастуру васоити таълим ва барои талабагон китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 8)-ро навиштааст, ки аз соли 1987 дар хидмати эшон аст.

Оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ғ.Абдулло, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ансорӣ, А.Сидқӣ, М.Қаноат, иддае аз уламову удабои машҳури русу шӯравӣ ва Эрону Афғонистон рисолаву мақолаҳои хондание навиштааст.

Тарҷумаи як даста қиссаву ҳикояҳои адибони ҷаҳон ва драмаҳои  Ж.Ж.Руссо «Пигмалион» (1962),    Ж.Б.Молйер «Ашрофпараст»  (1972), А.Н.Островский «Гирдоби бало» (1978) ва «Ҷойи сердаромад» (1981), Тавфиқ Ҳаким «Султони ҳайрон» (1980), Е.Швартс «Шоҳи урён» (1983), Сайид Ҷамол «Гули   сиёҳ» (1974),    В.Кримко «Маҷрӯҳон» (1984), Т.Эсенова «Арӯси маълумоти олидор» (1979), С.Азимов «Сароби хунин» ва ғ. мутааллиқи хомаи ӯстанд, ки дар театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Асару мақолаҳои гуногуни А.Афсаҳзод дар Маскав, Кобул, Теҳрон, Тошканд, Боку ва ғ. ба табъ расида, дар шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани илми ховаршиносии тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Соли 2000 аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсаҳзод таъсис ёфтааст, ки ба  донишмандони муваффақи соҳа  супорида  мешавад.

Аълохон Афсаҳзод аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони СССР ва Иттифоки нависандагони Тоҷикистон гардидааст. Ӯ дар Тоҷикистон   ҳамчун адабиётшинос-шарқшинос, матншинос, мунаққиди тоҷик маъруфият дошт,  сазори унвонҳои доктори илмҳои филология (1983), профессор (1988), Ходими шоистаи илми ҶТ (1995)   гардида буд.

Мавсуф 15 июли соли 1999 аз олам даргузаштааст.

Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: МИҲД ш. Панҷакент ва манбаъҳои боз

Ноябрь 25, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид