Дар Тоҷикистон 1 млн 25 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 1 млн 25 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба маълумоти Кумита, моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ биноҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1,25 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 11 фоиз бештар аст.
Тавре аз Кумитаи мазкур иттилоъ доданд, айни замон биноҳои баландошёна асосан дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо сохта мешаванд, ки дар онҳо системаи обу корез мавҷуд аст.
Зикр карда шуд, ки дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе дар ин муддат 209,3 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон дар аввалҳои соли 2021 теъдоди манзилҳои нав, ки мавриди истифода қарор гирифтаанд, кам шуданд. Масъулин тамоюли қатъи лоиҳаҳои сохтмониро ба пандемия рабт доданд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






