Дар Тоҷикистон одамон дарозумр шудаанд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабарнигорони Ширкати телевизион ва радиои байнидавлатии «МИР» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон менависанд, дар кишвари мо аҳолӣ дарозумр шудаанд. Агар соли 2000-ум давомнокии миёнаи умр ба 68 сол мерасид, ҳоло он ба 75 расидааст. Ин қиёс миёни мардон аст, занон дарозумртаранд. Чунин аст хулосаи тадқиқоти калон. Ин дар ҳолест, ки дар деҳот ҳадди миёнаи умр нисбат ба шаҳр баландтар аст.
«Онҳо тарзи ҳаёти фаъолона пеш мебаранд, дар деҳот одамон танҳо зиндагӣ намекунанд, зеро яке аз мушкилоти рӯзмарра- ин канорагирии иҷтимоист. Агар ту дар шаҳр ба нафақа баромадӣ, доираи ҳамсуҳбатони худро аз даст медиҳӣ, миёни мушкилоти худ банд мегардӣ, ба ҳеҷ ҷо намеравӣ, кор нест. Дар деҳот баръакс зиндагӣ кардан осонтар аст»,-иброз медорад табиб-геронтологи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саодат Камолова.
Олимони Вазорати тандурустӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти одамони солхӯрда: аз дастрасӣ ба меҳнат ва ёрии тиббӣ то бемориҳоро таҳқиқ намудаанд.
«Мушкилоти системаи дилу рагҳо дар нафарони аз 70-сола боло чандон ба назар намерасанд. Онҳо бештар аз осеббинии системаи такягоҳу ҳаракат азият мекашанд, ба онҳо роҳ гаштан мушкил мегардад, онҳо ҳаракати зиёдро ба худ раво намебинанд»,-мегӯяд мудири шуъбаи мониторинг ва мушоҳида аз рӯйи маъюбони Институти барқарорсозии тиббию санитарӣ Лола Қузиева.
Тибқи пешгӯиҳо, баъди 10 сол давомнокии ҳаёт дар ҷумҳурӣ то ба 80 сол мерасад. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии одамони пиронсол-ҳадафи асосии ҳукумат аст.
«Одамони пиронсол мушкилоти зиёд доранд ва афзудани шумораи нафақахӯрон ба сарбории зиёд дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ оварда мерасонад. Ин мушкилотро бояд имрӯз ҳал кард»,-иброз менамояд Саодат Камолова.
Дар Боғи ботаникии Душанбе Клуби дарозумрони «Ҳамдилон Оптима» (ДАР АКС) таъсис дода шудааст, ки ҳоло дар кишвар ягона аст. Дар ҳама гуна вазъи ҳаво нафароне, ки синни баъзеашон аз 70 зиёд аст, пеш аз ҳама, барои солимии ҷисмонӣ ва албатта, барои суҳбат ва хуб гардонидани ҳолати равонии худ ба ин ҷо меоянд. Шароити асосӣ: ҳавои тоза ва хушҳолист.
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






