Доир ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо машварати омӯзишӣ доир гардид

Ноябрь 13, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 13.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо ҳамоиш доир гардид, ки дар он масъулини бахшҳои сайёҳии вилоят ва роҳбарону намояндагони меҳмонхонаҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Тавре аз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори машварат тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавзӯъҳои меҳмоннавозӣ ҳамчун соҳаи саноати сайёҳӣ, сохтори ташкилию идоракунии хоҷагии меҳмонхонаҳо, тасниф ва табақабандии стандартии меҳмонхонаҳо, ташкил ва технологияи хизматрасонии пешниҳоди хӯрок дар меҳмонхона, одоб ва ахлоқи мизбонӣ дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо ва рушди сайёҳӣ дар маҳалҳо мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифт.

Тавассути ин омӯзиш иштирокчиён аз нозукиҳои муносибат ва муошират бо меҳмонону муштариён ва пазироии онҳо шинос гашта, донишу маърифати хешро ғанӣ гардониданд.

Аз тарафи дигар, иштирокдорон донишу малака ва маҳорати хешро дар маконҳои лозимӣ зимни фаъолияти кориашон мавриди истифода қарор медиҳанд.

Ҳадафи асосӣ тайёр кардани мутахассисони хуб дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ мебошад. Даҳсолаҳои охир саноати сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ дар иқтисодиёти мамолики дунё мавқеи муҳими иқтисодӣ ишғол кардааст. Дар баробари ин инфрасохтори сайёҳӣ низ ба таври назаррас инкишоф ёфта, ҷузъи муҳимтарини он – тиҷорати меҳмонхона ва тарабхона густариш пайдо мекунад. Маъмулан сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ, табодули мол, ҳамлу нақл, хизматрасонии марбут ба сармоягузорӣ, равобити илмиву технологӣ ва иттилоотӣ мусоидат мекунад.

Ин соҳа ба дипломатияи мардумӣ тақвият бахшида, дар натиҷа ба наздикшавии маънавӣ ва фарҳангии миллатҳо замина мегузорад.

АКСҲО: шуъбаи сайёҳии МИҲД вилояти Хатлон

Ноябрь 13, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид