ЭҲТИЁТ-НИМИ ҲАЁТ! Ҳушдори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ намудани  ҳодисаҳои сӯхтор, ки  дар фасли сармо эҳтимоли сар задани онҳо меафзояд,  имрӯзҳо  гурӯҳи кории  Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату кумитаҳо, муассисаву ташкилоти мухталиф  ва маҳаллаҳои аҳолинишину манзилҳои истиқоматии ҳудуди пойтахт ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои профилактикӣ-оташнишонӣ ва фаҳмондадиҳӣ омӯзиширо  ба роҳ мондааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии мамлакат.

«Аз ҷумла, чунин чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ бо  роҳбарии сармутахассиси шуъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Сарраёсати мазкур  Хуршед Шарифзода дар муассисаҳои давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мансуб ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он 243 нафар хонандагони имкониятҳояшон маҳдуд (маъюбон) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоияшон суст ва деркаршуда»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар тавозуни  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад  ва дорои  216 нафар хонандагон мебошад, инчунин   дар «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо»-и ноҳияи Варзоб мансуб ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он айни замон  30 нафар кӯдакони маъюб ба табобат фаро гирифта шудааст, ташкил ва гузаронида шуданд», -афзуд манбаъ.

Зимни баргузории чорабиниҳои зиддисӯхторӣ аз тарафи кормандони соҳа ба ҳолати коршоямии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, низоми  автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда, ҳавзу гидрантҳо ва ҷумакҳои дохилии оташнишонӣ, сипару хатҳои интиқоли қувваи барқ, манбаҳои гармидиҳӣ ва истифодаи оқилонаи асбобу таҷҳизотҳои барқиву газӣ, озод нигоҳ дошташудани роҳҳои ҳаракати нақлиёти оташнишонӣ ва таҳлиявӣ, риояи меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ дар хобгоҳҳо ва биноҳои таълимию маъмурӣ, инчунин ба сатҳи дониши мутасаддиёну кормандони муассисаҳо вобаста ба амали онҳо дар вақти рух додани ҳодисаи сӯхтору  дигар ҳолатҳои фавқулодда диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин бо масъулону мураббияҳо ва дигар кормандони масъули муассисаҳо оид ба истифодабарии лавозимоти аввалиндараҷаи оташнишонӣ, тартиби дурусти даъвати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ташкили таҳлияи муташаккилонаи одамон аз бинои оташгирифта ва дигар мавзӯъҳои барои пешгирию рафъи ҳодисаҳои сӯхтор зарур машғулиятҳои назариявию амалӣ баргузор карда шуданд.

Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо,  қабл аз ҳама пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор ва маҳдуд сохтани оқибати он, муайян намудани сатҳи омодагии дружинаҳои идоравии оташнишонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии сӯхтору дигар ҳодисаҳои нохуш, инчунин расонидани ёрии амалии кормандони соҳа ба масъулону мутасаддиён дар бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта мебошад.

Дар интиҳои чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби сарварони муассисаву корхонаҳо ва раисони Шӯрои маҳаллаҳову шаҳрвандон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ барои ташкил ва гузаронидани чунин корҳои омӯзишӣ-фаҳмондадиҳии муҳиму саривақтии зиддисӯхтор изҳори сипос карда шуд.

АКСҲО: ВКД ҶТ

Ноябрь 25, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст