«Эмомалӣ Раҳмон – Қаҳрамони Тоҷикистон», «Ливои парафшони мо», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 26.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершуморе ба нашр расонид, ки шарҳи мухтасари онҳоро манзури хонандагони сомона мегардонем.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи №236 (24 343), чоршанбе, 24 ноябри соли 2021 хабару маводи ҷолиб вобаста ба Рӯзи Парчами давлатиро ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, дар саҳифаи аввал Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ нашр намудааст.
Инчунин дар нашрияи мазкур таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Қаҳрамони Тоҷикистон», «Ливои парафшони мо», «Асолат ва ҳувияти миллӣ» мавод ба нашр расидаанд.
Инчунин дар шумораи №235 (24-342), сешанбе, 23 ноябри соли 2021 шарҳу мусоҳиба ва хабарҳои ҷолиби диққат манзури хонандагон гардонида шудаанд. Аз ҷумла, «Мулоқоти Эмомалӣ Рамон бо Ҷозеп Боррелл» ва мақолаи «Пойтахти давлат ва Истиқлоли миллат»-и С. Ятимов ба нашр расидаанд.
С. Ятимов дар мақолаи «Пойтахти давлат ва Истиқлоли миллат» вобаста ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе чунин мулоҳиза намудааст: «Барҷастатарин аломати оромии миллат рушди иқтисодӣ ва амнияти давлат аст. Пойтахти мамлакат зербино ва таҷассумгари суботи кишвар маҳсуб мегардад. Маҳаки баҳогузорӣ ба осудагии мамлакатро низ инсоният аз рӯи вазъу шароити ҳаёти пойтахти давлат муайн кардааст. Сарзамин наметавонад орому осуда бошад, агар амнияти марказе, ки он идора мешавад, зери суол қарор бигирад. Аз ин ҷиҳат таъкид мебояд кард, ки сиёсатмадорони бузург асолати давлатдориро ба пойтахти он марбут донистаанд. Сухани машҳури Исмоили Сомонӣ – бунёдгузори давлати миллии тоҷикон: «То вақте зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам» (Б.Ғафуров. Тоҷикон. – Душанбе,1998.-С.453) гувоҳ ва тасдиқи ин гуфтаҳост. Ҳамчунон дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон аҳамияти пойтахти мамлакат борҳо гаштаву баргашта таъкид гаштааст».
«Садои мардум» — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шумораи №142 (4404), сешанбе, 23 ноябри соли 2021 хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ, аз ҷумла: «Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷозеп Боррелл», «Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе», «Парафшон парчами мо зинда бодо!» «Нахустин парчами давлатӣ дар осорхонаи миллӣ»-ро чоп намудааст.
«Народная газета» — нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №46, (20327), чоршанбе, 24 ноябри соли 2021 маводи амиқу пурмуҳтаво таҳти унвони «Государственный флаг – символ независимого и суверенного государства таджиков (Поздравительное послание Президента Республики Таджикистана Эмомали Рахмона по случаю Дня Государственного флага, 24 ноября 2021 года, г. Душанбе), «Президент Республики Таджикистан Эмомалӣ Рахмон принял Верховного представителя ЕС Жозепа Боррелля», «Глава государства принял участие в открытии ряда объектов»-ро интишор намудааст.
Инчунин матолиби дигари ин шумора «Высочайшее уважение к флагу – национальной гордости таджикского народа», «Лидер нации Эмомали Рахмон произвел кадровые изменения» мебошанд.
«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №47 (1341), чоршанбе, 24 ноябри соли 2021 дар саҳифаҳои аввал Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатиро ба табъ расонидааст.
Инчунин дар ин шумора хабару мавод таҳти унвони «Мулоқоти Пешвои миллат бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо», «Тақдими маводи зиддивирусӣ ба беморхонаи вилоят», «Парчами давлатии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлолии кишвар», «Ҳеҷ дузду ғоратгар гурусна нест!», «Этикаро набояд фаромӯш кард!», «Хатарҳо кай бартараф мешаванд?» ва дигар матолиби хонданӣ рӯи чоп омадаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд
«ЗЕБОИИ ТОҶИКИСТОН–МЕРОС БАРОИ ОЯНДА». Дар Бишкек намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд
Зафаршо Иброҳимзода: «Осорхонаҳо оинаи кишваркушои таърих, фарҳанг ва тамаддуни ҳар халқу миллат мебошанд»
«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад






