Форуми дуюми байналмилалии молиявию бонкии кишварҳои ИДМ охири моҳи ноябр дар Тошканд доир мегардад

Ноябрь 5, 2021 11:11

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Форуми дуюми  байналмилалии молиявию бонкии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил /ИДМ/ 25-26 ноябр  дар Тошканд  баргузор  мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба UzDaily.uz.

Соли равон дар Форум чун анъана, роҳбарони бонкҳои марказӣ ва тиҷоратӣ, биржаҳои фондӣ, намояндагони вазорату идораҳои марбута,  иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳои бонкӣ, инчунин роҳбарони ширкатҳои инноватсионию сармоягузории кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ, инчунин Иттиҳоди Аврупо  иштирок менамоянд. Барномаи тиҷоратии форум баррасии доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии бозорҳои молиявии ИДМ-ро пешбинӣ менамояд.

3 ноябр дар Ассотсиатсияи бонкҳои Узбекистон  бо иштироки ҳайати Шӯрои молиявӣ ва бонкии ИДМ  мулоқот доир гардид. Намояндагони ҳарду тараф масъалаҳои тадорукотии форуми дар пешистодаи байналмилалиро муҳокима намуданд.  Дар ҷараёни вохӯрӣ директори генералии Ассотсиатсия Бахтиёр Ҳамидов ва меҳмонон оид ба якчанд лоиҳаҳои нав дар ин самт табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар Тошканд аввалин Форуми байналмилалии молиявӣ ва бонкии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Ҷамъияти саҳомии КБ «Солидарность» (Русия), узви Шӯрои нозирони ҶСК «Коммерсбонк»-и  Тоҷикистон» Ибодулло Саидмуродов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати ин бонк Масрур Қодиров иштирок доштанд. Ибодулло Саидмуродов имсол ба ҳайси яке аз маърӯзачиёни Форуми дуюми байналмилалии молиявӣ ва бонкии кишварҳои ИДМ фаъолият менамояд.

ДАР АКС:  дар марказ — муовини раиси Ҷамъияти саҳомии КБ «Солидарность» (Русия), аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «Коммерсбанк»-и  Тоҷикистон Ибодулло Саидмуродов. Акс аз «Коммерсбонк»-и Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2021 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад