Фумио Кисида 101-умин сарвазири Япония интихоб шуд
 
			
					
										ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Палатаи поёнии парламенти Япония бо аксарияти овозҳо сардори Ҳизби ҳукмрони либерал-демократии Ҷопон Фумио Кисидаро сарвазири 101-уми Ҷопон интихоб кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба агентии иттилоотии ҷопонии Kyodo News.
Ҳукумати сарвазир Фумио Кисида имрӯз, 10 ноябр пурра истеъфо дод. Дар ҷаласаи ғайринавбатии Девони вазирон сарвазир аз ҳама аъзои ҳукумат аризаҳоро барои истеъфо ҷамъоварӣ кард. Онҳо то ташкил ёфтани ҳукумати нав иҷрокунандаи вазифаи роҳбарии идораҳои худашонро иҷро мекунанд.Фумио Кисида 29 сентябр раисии ҳизби ҳокимро ба уҳда гирифт ва 4 октябр нахуствазир интихоб шуд. Таъйини дубораи ӯ ба ин мақом як тартиби расмӣ дар пайи интихоботи 31 октябр ба палатаи поёнии парлумон аст. Баъд аз онҳо ҲЛД як қисми ҷойҳои худро аз даст дод, вале аксарияти мутлақро (аз 465 ҷой 261 ҷой) нигоҳ дошт. Интизор меравад, ки Кисида Ёшимаса Ҳаяши, вазири собиқи маориф, ки роҳбарии як гурӯҳи ғайриҳизбии қонунгузорони пешбарандаи равобити Чину Ҷопонро бар уҳда дорад, вазири корҳои хориҷӣ таъйин намояд.
Сарвазир ҳамчунин собиқ вазири мудофиа генерал Накатаниро мушовири махсуси худ оид ба ҳуқуқи инсон таъин менамояд. Накатани яке аз тарафдорони ҷорӣ кардани таҳрим дар муносибат ба мансабдорони ҳукуматҳои хориҷӣ, ки вайронкунандаи ҳуқуқи инсон тибқи Қонуни Магнитӣ дар ИМА шуморида мешаванд, мебошад.
ДАР АКС: Фумио Кисида. АКС: Kyodo News









 
						
 Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд 
									 
									 
									 
									 
									





