Фумио Кисида 101-умин сарвазири Япония интихоб шуд

Ноябрь 11, 2021 13:22

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Палатаи поёнии парламенти Япония бо аксарияти овозҳо сардори Ҳизби ҳукмрони либерал-демократии Ҷопон Фумио Кисидаро сарвазири 101-уми Ҷопон интихоб кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба агентии иттилоотии ҷопонии  Kyodo News.

 Ҳукумати сарвазир Фумио Кисида имрӯз, 10 ноябр пурра истеъфо дод. Дар ҷаласаи ғайринавбатии Девони вазирон сарвазир аз ҳама аъзои ҳукумат аризаҳоро барои истеъфо ҷамъоварӣ кард. Онҳо то ташкил ёфтани ҳукумати нав иҷрокунандаи вазифаи роҳбарии  идораҳои худашонро иҷро мекунанд.Фумио Кисида 29 сентябр раисии ҳизби ҳокимро ба уҳда гирифт ва  4 октябр нахуствазир интихоб шуд. Таъйини дубораи ӯ ба ин мақом як тартиби расмӣ дар пайи интихоботи 31 октябр ба палатаи поёнии парлумон аст. Баъд аз онҳо ҲЛД як қисми ҷойҳои худро аз даст дод, вале аксарияти мутлақро (аз 465 ҷой 261 ҷой) нигоҳ дошт. Интизор меравад, ки Кисида Ёшимаса Ҳаяши, вазири собиқи маориф, ки роҳбарии як гурӯҳи ғайриҳизбии қонунгузорони пешбарандаи равобити Чину Ҷопонро бар уҳда дорад, вазири корҳои хориҷӣ  таъйин намояд. 

Сарвазир ҳамчунин собиқ вазири мудофиа генерал Накатаниро мушовири махсуси худ оид ба ҳуқуқи инсон таъин менамояд. Накатани яке аз тарафдорони  ҷорӣ кардани таҳрим дар муносибат ба мансабдорони ҳукуматҳои хориҷӣ, ки вайронкунандаи ҳуқуқи инсон тибқи Қонуни Магнитӣ дар ИМА шуморида мешаванд, мебошад.

ДАР АКС: Фумио Кисида. АКС: Kyodo News

Ноябрь 11, 2021 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд
ДАР ФАРОНСА — БОЗ ХУРУҶИ ЗУКОМИ ПАРАНДА. АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин чӣ гуна вирус аст
Oxfam: таваррум 260 миллион нафарро дар фақри шадид қарор медиҳад
Шаҳбоз Шариф сарвазири нави Покистон интихоб гардид
Дар Москва Владимир Жириновский аз олам даргузашт
«МАКТАБҲОРО КУШОЕД!». Духтарони афғон ба эътироз баромаданд
АФҒОНИСТОН БАДБАХТТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН ЭЪЛОН ГАРДИД. Дар ин бора дар Гузориши умумиҷаҳонии СММ оид ба хушбахтӣ зикр шудааст
Имрӯз дар Туркманистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб баргузор шуд
СММ: Ҷаҳонро бинобар воқеоти Украина гуруснагӣ таҳдид мекунад
ФАВРӢ! Сердар Бердимухамедов дар интихоботи президентии Туркманистон пирӯз гардид
Дар Покистон бар асари таркиш дар масҷид тақрибан 50 нафар кушта шуданд
Парлумони Арманистон Ваагн Хачатрянро президент нави ин кишвар интихоб кард