ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегарданд

Ноябрь 3, 2021 09:48

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ   дар варзишгоҳҳои мамлакат дубора оғоз мешаванд, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор  гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо  Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ   бо  КМВА-и шаҳри Душанбе  ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  миёни ҳам  рақобат карданд.

Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол  пешсаф буда, 55 хол дар ихтиёр дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 13 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст.

КМВА, ки холҳояш ба 36 расид, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

 

ҶОЙИ   ДАСТАҲО                      Б      Ғ      М      Б      Т-Т       Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  22  17  4  1  57-7  52
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  21  13  3  5  43-21  42
 3  КМВА (Душанбе)  22  10  6  6  33-26  36
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  22  9  5  8  24-22  32
 5 «Хатлон»(Бохтар)  22  8  5  9  23-27  29
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  22  8  3  11  29-40  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  22  6  8  8  22-26  26
 8  «Файзканд» (Восеъ)  22  5  5  12  15-29  20
 9  «Кӯктош»(Рӯдакӣ)  22  5  5  12  31-50  20
 10 «Душанбе» (Душанбе)  22  4  6  12  21-50  18

                                                  АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2021 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд