Футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионати CAFA-2021 мақоми дуюмро соҳиб шуданд

Ноябрь 24, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола, ки аз 17 то 23 ноябр  дар шаҳри  Душанбе баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври сеюми чемпионат шогирдони Зайниддин Раҳимов бар ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро Масрур Ғафуров дар дақиқаи 58 ба нишон расонид.
Дар бозии дигар  дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон  бо ҳисоби  калони  8:0 пирӯз гардид.

Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби наврасони  Эрон ва Тоҷикистон 7-холӣ ба даст оварданд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо  дастаи мунтахаби наврасони Эрон ҷои якум ва  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷои дуюмро сазовор шуданд. Ҷои сеюм насиби дастаи мунтахаби  наврасони Узбекистон гардид.

                                             АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 24, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд