Иля Федоров, директори департаменти Вазорати рушди иқтисоди ФР: Иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба тавре ки мебояд, истифода нашудааст

Ноябрь 11, 2021 13:19

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон пурра амалӣ нагардидааст. Чунин изҳор намудааст директори департаменти рушди лоиҳаҳои ҳамгироӣ ва кишварҳои ИДМ-и Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия Иля Федоров (ДАР СУРАТ)  дар ҷараёни мизи мудаввар бахшида ба рушд ва такмили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки дар ҳошияи Форуми VII байнипарлумонии «Русия-Тоҷикистон: иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид. 

«Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб шуда, соли гузашта ҳиссаи мо дар гардиши мол 21,4 фоиз, соли равон 19,8 фоизро ташкил дод», — гуфт ӯ.

Федоров ҳамчунин зикр намуд, ки дар 8 моҳи соли 2021 афзоиши ҳаҷми муомилоти мол тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.  Вай хушбинона ин тамоюлро мусбат арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки нишондиҳандаҳои оморӣ бояд «ба рақами миллиард ва бештар аз он» наздик шаванд.

Намояндаи Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия изҳор дошт, ки  сатҳи мутақобилаи иқтисодию тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ба иқтидори мавҷуда  мутобиқат намекунад.

Барои фаъол гардонидани ҳамкории ду кишвар, ба гуфтаи Федоров,  тарҳҳои нави муштарак, роҳандозии равобити мутақобилаи ширкатҳо, фаъолтар истифода бурдани имконоти ниҳодҳои пуштибони содирот ва ҳалли якчанд масъалаҳои иқтисодӣ зарур аст.

Акс аз Вазорати рушди иқтисоди ФР

Ноябрь 11, 2021 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»