ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОСИ ХОТИРИ ҚУРБОНИЁНИ САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ. Дар нуҳ моҳи соли равон дар Тоҷикистон бар асари чунин ҳодисаҳо 290 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд

Ноябрь 21, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 21.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии  поси хотири  қурбониёни садамаҳои нақлиёт таҷлил мегардад. Ин сана  бо ташаббуси Бунёди хайриявии бритонии «Road Peace», ки ба осебдидагони садамаҳои роҳу нақлиёт кумаки хайриявӣ мерасонд, аз соли 1993 инҷониб  таҷлил мешавад. Дар тӯли панҷ сол созмони «Road Peace» ба Федератсияи аврупоии қурбониёни ҳаракати роҳ шомил  гардид ва ин рӯз ҳамчун Рӯзи аврупоии ёдбуди қурбониёни ҳаракати роҳ таҷлил мешуд. Соли 1998 таҷлили ин сана марзи Аврупоро убур намуд. Соли 2005 Ассамблеяи генералии СММ Эъломия қабул намуд, ки мутобиқи он аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал оварда шуд, ки гиромидошти хотири қурбониёти ҳодисаҳои роҳу нақлиётро якшанбеи сеюми моҳи ноябр таҷлил намоянд. Дар Тоҷикистон низ ин рӯзро бо баргузории барномаҳои иттилоотонӣ, ки ба мавзӯи пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бахшида  мешаванд, таҷлил менамоянд.

Боиси таассуф аст, ки дар Тоҷикистон низ ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои нақлиёти садҳо нафар одамон ҳалок ва маҷрӯҳ мегарданд. Тибқи  иттилои масъулин, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 787 адад ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари  онҳо 290 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 869 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Зубайдулло Ҳафиззода гуфт, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 2 адад ё 0,35  ва маҷрӯҳшудагон 40 нафар ё 4,4  фоиз кам шуда, теъдоди ҳалокшудагон  9 адад ё 3,2 фоиз зиёд  гардидааст.

SONY DSC

Омилҳои асосии рух додани ҳодисаҳои роҳу нақлиётро коршиносони соҳа,  пеш аз ҳама, ба риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, пас аз истифодаи моддаҳои сархушкунанда  ва дар ҳолати мастӣ паси чамбаракаи мошин нишастани  иддае аз ронандагон, аз байни роҳҳои автомобилгард убур намудани пиёдагардон, нозукиҳои касби ронандагиро аз худ накарда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидани бархе аз ҷавонон ва дигар омилҳо арзёбӣ менамоянд.

Роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилаӣ дар пешгирӣ аз садамаҳои роҳу нақлиёт нақши муҳим  мебозанд. 29 октябр бо иштироки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаҳои якум ва дуюми роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе — Бохтар», ки беш аз 75 километрро ташкил медиҳад, пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи  лоиҳа,  байни роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалии «Душанбе – Бохтар» пурра бо деворҳои ҳимоявӣ ҷудо карда шудааст, ки он бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро  дар ин масир таъмин менамояд. Дар 6 қитъаи роҳ гузаргоҳ барои рондани чорво ва гузаштани техникаҳои хоҷагидорӣ бунёд ёфта, дар 93 қитъа роҳҳои баромаду даромад ва бо мақсади танзими ҳаракати роҳу нақлиёт 817 аломати ишоравии роҳ гузошта шуда, 40 истгоҳ муқаррар гардидааст.

Тибқи гузориши Созмони  Ҷаҳонии Тандурустӣ /СҶТ/ доир ба вазъи амнияти ҳаракат дар роҳҳо, ки соли  2018 нашр гардидааст,  ҳамасола дар натиҷаи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт тақрибан 1,35 миллион нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ мефавтанд. Ин омор дар ҳар як 24 сония як нафар, дар як рӯз беш аз се ҳазор нафарро ташкил медиҳад.  Даҳҳо миллион одамон маҷрӯҳ ва маъюб мешаванд.

Омори фавти одамон дар садамаҳои нақлиётӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд нисбат ба кишварҳои пешрафта се маротиба бештар аст. Сатҳи баландтарини фавт дар Африқо- 26,6 ҳолат ба 100,000 нафар ва пасттарин дар Аврупо- 9,3 ҳолат ба 100,000 нафарро ташкил медиҳад. Дар роҳҳои минтақаи аврупоии СҶТ ҳар рӯз 230 нафар мефавтанд ва тақрибан 50 миллион нафар ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ мебардоранд. Чунин садамаҳо сабаби асосии марги наврасону ҷавонони аз 5 то 29 -сола мегарданд. Нисфи фавтидагон дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ пиёдагардҳо, мототсиклронҳо ва велосипедронҳо мебошанд.

Дар гузориш омадааст, ки тамоюлҳои ҷорӣ  ба пешрафт дар самти татбиқи ҳадафи 3.6  дар бахши Рушди устувор, ки  то соли 2020 то 50 фоиз коҳиш додани фавт  дар ҳодисаҳои  роҳу нақлиётро  пешбинӣ намуда буд, таъсири манфӣ расонд.

Нисфи тамоми ҳодисаҳои  фавти марбут ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар байни иштирокчиёни осебпазири роҳ ба амал меояд. Пиёдагардҳо,  велосипедронҳо, дучархасаворҳои мотордор ва мусофирони онҳо ба таври дастаҷамъӣ  «осебпазирони роҳ» ном бурда мешаванд. Таносуби фавт дар ҳодисаҳои  роҳу нақлиёт дар байни истифодабарандагони осебпазири роҳ дар кишварҳои дар ҳоли рушд нисбат ба кишварҳои мутараққӣ зиёдтар аст.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи  поси хотири қурбониёни дар  натиҷаи ҳодисаҳои  садамаҳои роҳу нақлиёт  ба амаломада дар заминаи талошҳои  ҷаҳонӣ оид ба коҳиш додани шумораи қурбониёни садамаҳои нақлиётӣ як воситаи муҳиме гардид. Он имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба миқёси изтироби эмотсионалӣ ва талафоти иқтисодии марбут ба садамаҳои нақлиётӣ ва дуруст арзёбӣ кардани ранҷу азоби қурбониёни ҳаракати нақлиёт, инчунин кори хадамоти дастгирӣ ва наҷотдиҳӣ ҷалб карда шавад.  Моҳи сентябри соли 2020 Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи A/RES/74/299 -«Баланд бардоштани таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро дар ҷаҳон» қабул намуд, ки Даҳсолаи амал оид ба таъмини  бехатарии ҳаракат дар роҳро  барои солҳои 2021-2030 эълон мекунад.

Интизор меравад, ки тибқи ин ҳадаф, то соли 2030 ҳадди ақал 50 фоиз фавт  ва ҷароҳатҳои марбут ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт пешгирӣ  карда шаванд. Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ  ва комиссияҳои минтақавии СММ дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони ҳамкори  СММ оид ба бехатарии роҳ Нақшаи глобалиро барои Даҳсолаи амал таҳия карданд. Илова бар ин, барои ҷалби таваҷҷуҳ ба проблемаи маҷрӯҳшавӣ ва фавти ноболиғон ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар роҳҳои ҷаҳон  Созмони Милали Муттаҳид Ҳафтаи Глобалии Бехатарии Ҳаракат  мегузаронад.

Соли 2021 таваҷҷуҳ ба паст кардани суръати ҳаракати нақлиёт равона мегардад, ки ин ба пешгирии шумораи зиёди маргу мир ва ҷароҳатҳои вазнин, бахусус фавти пиёдагардҳо ва дигар истифодабарандагони осебпазири роҳ – кӯдакон, пиронсолон ва маъюбон мусоидат мекунад.

                                           Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

                                          АКСҲО  аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Нуробод вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрӣ баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҳодисаи гаравгонгирӣ дар муассисаи ислоҳии шаҳри Суровикино тадбир меандешанд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар ноҳияи Хуросон бинои Хадамоти шиносномавӣ-бақайдгирӣ ба истифода дода шуд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Прокуратураи генералӣ: «Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки фирефтаи ҳар гуна таблиғоти беасос оид ба таъмини ҷойи кор дар хориҷи мамлакат нашаванд»
Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд
АМАЛИЁТИ «КОРД». Милитсияи Хатлон 768 силоҳи сард дарёфт ва мусодира намуд
Дар даъвати тирамоҳӣ дар шаҳри Ваҳдат 260 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мешавад
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд