Ҳиндустон интизори Русия ва Тоҷикистон дар машваратҳо оид ба Афғонистон аст

Ноябрь 2, 2021 13:29

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Ҳиндустон интизор доранд, ки дар нишасти намояндагони хадамоти амнияти миллӣ дар ин кишвар мақомоти баландпоя аз Русия, Покистон, Чин, Эрон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 1 ноябр, қабл аз анҷоми рисолати худ Сафири Ҳиндустон дар Федератсияи Русия Бала Венкатеш Варма дар мусоҳиба бо ТАСС иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи ӯ, баргузории мулоқоти намояндагони баландпояи хадамоти амнияти миллии кишварҳои минтақа дар Ҳиндустон 10 ноябр дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи толибон кишварҳои минтақа барои баргузории машваратҳои доимӣ оид ба Афғонистон мувофиқат карданд. Машваратҳо дар сатҳҳои гуногун сурат мегиранд. Аз ҷумла, чунин машваратҳо 20 октябр дар пойтахтҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд.

Дар нишасти Душанбе раҳбарон ва намояндагони хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Тавре дар баёнияи умумии иштирокдорони ҷаласа гуфта мешавад, ҷонибҳо вазъи мураккаб дар Афғонистонро, ки дар онҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома дошта, боиси талафоти зиёди инсонӣ гардидаанд, зикр намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва динӣ, инчунин истифодаи платформаҳои созмонҳои байналмилалиро барои ҳалли вазъ дар Афғонистон таъкид намуданд.

                                          АКС: РИА Новости

Ноябрь 2, 2021 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид