КОБУЛ ЯКЕ АЗ ХАВФНОКТАРИН НУҚТАҲОИ САЙЁРА ГАРДИД. Дар ин бора имрӯз сиёсатшинос, сардори Маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко изҳори назар намуд

Ноябрь 19, 2021 14:46

ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Директори маркази таҳлилии ҷамъияти сиёсатшиносони Русия, роҳбари Маркази омӯзишии сиёсати Афғонистон Андрей Серенко зикр намуд, ки имрӯз Кобул ба яке аз  нуқтаҳои хатарноки ҷаҳон табдил ёфтааст, иттилоъ медиҳад радиои «Sputnik».

Ба андешаи ӯ, имрӯз имконияти беҳбудбахшии вазъи Афғонистон хеле кам аст.

«Кобули имрӯза-яке аз шаҳрҳои хатарноки дунёст, дар мадди аввал ҳатто на танҳо ба сабаби ҳузури толибон*, балки аз боиси   ҷинояткорони муқаррарияш»,-зикр намуд Серенко.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз толибон* қудатманди он нестанд, ки амнияти кишвар,  аз ҷумла амнияти пойтахти   Афғонистонро таъмин намоянд. Ҳарчанд ки онҳо пайваста хабар медиҳанд, ки баъди баромадани неруҳои иттиҳоди ғарб дар кишвар сулҳу субот пойдор аст.

Серенко изҳор медорад, ки вазъият куллан ин гуна нест, зеро дар минтақа ҳаракатҳои террористӣ низ фаъол гардидаанд. Ҳамлаҳои охир дар Кобул нишон медиҳанд, ки толибон вазъиятро идора намекунанд.

«Масъулияти бештари ҳамлаҳоро ДОИШ* ба дӯш мегирад, аммо онро ҳам одамони ба ДОИШ* алоқаманд ва ҳам ташкилоти ҷиҳодию гурӯҳҳои толибоне, ки миёни ҳам меҷанганд, бо истифода аз номи гурӯҳ метавонанд амалӣ намоянд»,-афзуд коршинос.

Роҳбари Маркази омӯзишии сиёсати Афғонистон ҳамзамон иброз медорад, ки дар Кобул ҳолати ҷинояткории дохилӣ низ муташанниҷ гаштааст.

«Дар Афғонистон вазъи ҷинояткорӣ: одамрабоӣ, ғоратгарӣ, куштор хеле  ташаннӯҷ ёфт, ин ҳолат дар сар  то сари кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои калон низ чашмрас аст»,-гуфт таҳлилгар.

Зимни ибрози андеша оид ба ояндаи кишвар Серенко зикр намуд, ки аз ин гуна вазъият наметавон  ояндаи хубро чашмдор шуд, балки ҳолат рӯз ба  рӯз бадтар мешавад.

«Толибон* имрӯзҳо имконияти пурқувват кардани идораи кишварро надоранд. Онҳо худ ба анҷом додани амалҳои террористӣ одат кардаанд ва  таҷрибаи пешгирӣ кардани ин гуна  амалҳоро надоранд»,-  баён дошт Андрей Серенко.

_______________________________
*«Толибон», ДОИШ (Давлати исломӣ-ташкилоте, ки чун созмони террористӣ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ эълон шудааст).

АКС: youtube.com

Ноябрь 19, 2021 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид