Масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СПЕКА баррасӣ шуданд

Ноябрь 24, 2021 09:33

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи  Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ /СПЕКА/, бахусус таъсиси Фонд ва Котиботи СПЕКА, савдо, иқтисоди сабз ва ҳифзи муҳити зист дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА дар шаҳри Тошканд баррасӣ шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи 16-уми Шӯрои роҳбарикунандаи СПЕКА дар радифи намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва созмонҳою ниҳодҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ҳайати  Тоҷикистонро муовини  Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода намояндагӣ намуд.

А. Абдураҳмонзода тақвияти ҳамкориро дар ин самт бо кишварҳои минтақа, махсусан дар давраи пандемия зарур шуморида, таъсис додани Фонд ва Котиботи СПЕКА-ро иқдоми хуб арзёбӣ кард ва дар робита ба он мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар пешниҳод намуд, ки аз ҷониби кишварҳо пазируфта шуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист ва масъалаҳои марбут ба экология таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Гуфта шуд, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли равон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои обу иқлим суханронӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад ва он аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзои СПЕКА пазируфта шуд.

Масъалаи мазкур дар матни «Эъломияи Тошканд», ки дар ҷараёни ҷаласа қабул гардид, дарҷ ёфтааст.

 АКСҲО: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Ноябрь 24, 2021 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид