Масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласаи мазкур бо ташаббуси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2020 доир карда шуд.
Комиссияи мазкур бо мақсади роҳадозӣ намудани иқдомҳои якҷоя ва ташкили фаъолияти ҳамоҳанги вазорату идораҳо дар самти ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот таъсис дода шудааст.
Дар ҷаласаи Комиссия муовинони якум ва муовинони роҳбарони вазорату идораҳо, ки ба ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи сирри давлатӣ шомиланд, иштирок намуда, паҳлуҳои гуногуни назариявӣ ва илмию амалии таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоотро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Бо дарназардошти муҳимияти пешгирии ифшои сирри давлатӣ дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 «Дар бораи номгўйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо» аз ҷониби аъзои Комиссия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи Комиссия якчанд лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҷиҳати танзими ҳуқуқии масъалаҳои мухталифи соҳаи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот равона гардидаанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои омода кардани кадрҳои соҳа, такмили савияи касбии кормандон, таъминоти моддию техникӣ ва методии соҳа бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Аз натиҷаи баргузории ҷаласаи Комиссия дар самтҳои сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот таклифу пешниҳодҳои мушаххас манзур гардиданд, ки дар фаъолияти амалии мақомоти давлатӣ ва ташкилот мавриди истифода қарор мегиранд.
АКСҲО: Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ








Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






