Миср соли 2022 мизбони конфронси СММ оид ба иқлим мегардад

Ноябрь 12, 2021 12:55

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи давравии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим соли 2022 (COP27) дар Миср ва соли 2023 (COP28) дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад. Ба гузориши АМИТ «Ховар», дар ин бора ТАСС бо такя ба раиси COP26 ва узви Девони вазирони Британия Алок Шарма хабар медиҳад.

«Агар ҷонибе зид  набошад, он гоҳ ҳамин гуна ҳал карда мешавад», гуфт Шарма баъд аз барномаи  конфронси кунунӣ. Дар он гуфта мешавад, ки «ҳангоми идомаи татбиқи принсипҳои гардиш байни гурӯҳҳои минтақавӣ, кишваре, ки COP27-ро мизбонӣ хоҳад кард, бояд давлати Африқоро намояндагӣ кунад ва COP28 бояд давлати минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро намояндагӣ намояд.

Баъд  аз он номзадҳои Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб  пешбарӣ ва шартан ҷонибдорӣ гардиданд. Ин тасмим рӯзи панҷшанбе тасвиб шуд. Конфронси СММ оид ба масъалаҳои иқлим, ки 31 октябр дар шаҳри Глазгои Британияи Кабир  оғоз ёфт, 12 ноябр корашро анҷом дод. Дар кори конфронс ҳайатҳои 200 давлати ҷаҳон, аз ҷумла  Тоҷикистон иштирок намуданд.

   АКС: scmp.com

Ноябрь 12, 2021 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Фумио Кисида 101-умин сарвазири Япония интихоб шуд
ҲУКУМАТЕ, КИ МАҲКУМ БА НОКОМИСТ. Роҳбари толибон* волиёни нисфи вилоятҳои Афғонистонро таъйин кард
Ба сӯи Замин астероид ба андозаи бурҷи Эйфел парвоз мекунад
Толибон 4 нафар иштирокчии ҳамла ба бемористони ҳарбии Кобулро маҳв намуданд
Чин омода аст нишасти сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор кунад
Толибон дар нишасти вазирон дар Эрон оид ба Афғонистон ширкат нахоҳанд кард
Дар Кобул таркиши навбатӣ рух дод
Amnesty International : Толибон* 13 афғони ҳазора, аз ҷумла як духтари 17-соларо ба қатл расониданд
Италия ҳукумати толибонро дар Афғонистон эътироф намекунад
Президенти собиқи Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа дар синни 85 даргузашт
Путин тирпаронӣ дар Пермро фалокат барои тамоми Русия номид
Президенти Эрон доир ба воридшавии ин кишвар ба СҲШ изҳори назар намуд