Муҳаммадюсуф Имомзода ва Такасака Мунео тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ намуданд

Ноябрь 22, 2021 15:53

ДУШАНБЕ, 22.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷумҳурии Ҷопон дар асоси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ба роҳ мондааст. Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо  роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Такасака Мунео иброз гардид, иттилоъ дод сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт.

Зимни вохӯрӣ Муҳаммадюсуф Имомзода аз ҳамкории ҷойдоштаи Вазорати маориф ва илм бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) дар соҳаи маориф ва илм изҳори сипос намуд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Ҷопон диққати махсус дода, ҳавасманди ба сатҳи нав баровардани ин ҳамкорӣ мебошад.

«Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар марҳилаи гузариш давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниёз ба ҳамкории судманд бо давлатҳои аз лиҳози иқтисод, технология, маориф ва илм пешрафта доранд ва дар ин самт Ҷопон метавонад барои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳо, лоиҳаҳо саҳми арзанда»,-гуфт Вазири маориф ва илм.

Зикр шуд, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Япония, аз қабили Донишгоҳи Акитаи Ҷопон, Донишгоҳи Чиба, Донишгоҳи Васеда  ҳамкорӣ дошта, шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Ҷопон дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамасола шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи бурсияи MEXT (МЕКСТ)-и Ҳукумати Ҷопон ба муассисаҳои таълимии он кишвар фиристода шуда, айни ҳол, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷопон зиёда аз 50 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки айни ҳол дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон омӯзиши забони ҷопонӣ ба роҳ монда шуда, аз соли 2002 то соли 2021 119 нафар донишҷӯ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси тарҷумони забони ҷопонӣ хатм намудаанд.

Соли 2019 бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Душанбе ва маблағгузории ин кишвар дар Тоҷикистон  3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Турсунзода ва Файзобод сохта, ба истифода дода шудаанд.

Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Такасака Мунео зикр кард, ки аз ҷониби агентии мазкур барномаи омӯзишии «Ҷопоншиносӣ» таҳия шудааст, ки мақсади он паҳн намудани таҷрибаи рушди тараққиёти Ҷопон тавассути омӯзиши роҳбарони ояндаи давлатҳои рӯ ба тараққӣ буда, ташаббускори барнома бевосита Президенти JICA Китаока Шиничи мебошад.

Таъкид гардид, ки айни ҳол барномаи мазкур бо номи «7 боби навсозии Ҷопон» дар 11 кишвари дунё амалӣ шуда, дар назар аст, ки дар 43 давлати дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шавад.

Дар охир, ҷонибҳо вобаста ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои касбии Ҷопон ва дар факултетҳои забони ҷопонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондани омӯзиши барномаи «Ҷопоншиносӣ» мубодилаи афкор намуда, таъкид доштанд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 22, 2021 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд