Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои минтақаи Рашт барои гузаронидани давраи зимистон омода мебошанд
РАШТ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021» дар 8 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаҳои Ҳоиту Лахш 3975 м3 маводи зиддилағжиш, 22 тонна ангишт, 38 м3 ҳезум ва 17 ҳазору 200 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст, иттилоъ дод сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт Оимнисо Таваккалова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт дар тавозуни худ 941,6 км роҳҳоро ба уҳда дорад, ки аз он 299,1 км роҳҳои байналмилалӣ, 174,64 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 467,88 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт 244 км роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардида, 660 метри тӯлонӣ пулҳо таъмир ва барқарор шуданд. Дар роҳҳои байналмилалӣ зиёда аз 15-ададӣ қубури нав ба андозаи 1000 насб карда шуд. Инчунин барои зимистонгузаронӣ 50 адад техника ва механизмҳо мавриди омодабош қарор доранд. Аз ин шумора 6 адад техникаи роҳдорӣ ба таври доимӣ дар ағбаҳои Қарамиқи ноҳияи Лахш ва Сичароғ-Алигалабони ноҳияи Нуробод вобаста карда шудаанд.
Ҷиҳати истифодаи мақсадноки техника ва механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар ҳамаи фаслҳои сол аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои Тоҷикобод 132 ҳазор сомонӣ, Лахш 150 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Рашт 20 ҳазору 87 сомонӣ ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои мазкур маблағгузорӣ шудааст.
Вале то имрӯз барои тоза намудани роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои Сангвору Нуробод ва минтақаи Ҳоит аз барфу сангрезаҳо дар фасли баҳору зимистон ва таъмири ҷорӣ намудани онҳо дар фасли тобистон ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳияҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо нагардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






