МУБОРАК БОД! Идораи миллӣ оид ба аэронавтикаи ИМА дастаи Тоҷикистонро ғолиби даври нимниҳоии озмуни ҷаҳонии Space Apps Challenge 2021 эълон кард

Ноябрь 23, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 23.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи Oogway Comics аз Тоҷикистон дар ҳайати чор нафар ба даври нимниҳоии озмуни ҷаҳонии Space Apps Challenge, ки аз ҷониби Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва тадқиқи фазои кайҳонии ИМА (NASA) гузаронида мешавад, роҳ ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

NASA Space Apps Challenge бузургтарин ҳакатон* дар ҷаҳон аст, ки беш аз 5000 дастаро дар зиёда аз 160 шаҳри ҷаҳон фаро гирифтааст. Дар ҷараёни озмуни соли 2021, ки 2-3 октябр баргузор гардид, дастаҳо барои пайдо намудани ҳалли инноватсионнии бархе аз мушкилоти илмӣ бо ҳамдигар рақобат карданд. Соли ҷорӣ Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе (American Space Dushanbe) барои иштироки 24 даста аз Тоҷикистон дар NASA Space Apps Challenge мусоидат намуд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳакатони NASA Space Apps Challenge-ро дар Тоҷикистон Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе соли 2020 баргузор намуда буд.

Барои иштирок дар озмуни соли 2021 дастаи Oogway Comics вазифаи сохтани “астероидҳои моҳирона равшаншуда”-ро бар дӯш гирифта, китоби комикс ва барномаи мобилиеро таҳия кард, ки ба ҷавонон дар бораи Миссияи «Люси»-и NASA ҷиҳати омӯхтани астероидҳои троянӣ (боқимондаҳои системаи офтобӣ) маълумот медиҳад. Ба ҳайати дастаи Oogway Comics чор нафар — Темур Шарифов, Малика Очилова, Баҳодур Ишонхоҷаев ва Шероз Ҷураев шомиланд.

Барои эътироф кардани лоиҳаи дастаи Oogway Comics NASA онҳоро миёни 37 дастаи дигар ғолиби даври нимниҳоӣ интихоб кард. Моҳи декабри соли ҷорӣ 10 дастаи ғолиб эълон мегарданд. Ғолибон имконият пайдо мекананд, ки ба ИМА сафар карда, дар раванди ба фазо парвоз кардани ракета иштирок кунанд.

«NASA Space Apps ба иштирокчиёни тоҷик имконияти хуберо фароҳам овард, то тавонанд истеъдоди худро нишон диҳанд, таълимоти  илмиро пеш бурда, бо NASA ҳамкорӣ кунанд», — гуфт Темур Шарипов, сардори дастаи Oogway Comics.

Директори  Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе Нилуфар Муродова, ҳамоҳангсози барномаи NASA Space Apps Challenge дар Тоҷикистон гуфт: «Мо аз он шодем, ки бори аввал дастаи Тоҷикистон ғолиби даври нимниҳоии озмуни ҷаҳонӣ гардид. Oogway Comics ягона дастаест аз кишварҳои ИДМ, ки дар ин озмун иштирок мекунад.  Ин воқеан барои кишвар ва минтақа дастоварди беназир аст».

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дастаи Oogway Comics ва тамоми иштирокчиён аз Тоҷикистонро табрик намуда, зикр кард: «NASA Space Apps Challenge аз уҳдадории ИМА дар пешбурди ҳамкории илмӣ бо шарикони ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. Мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистон тавонист исбот кунад, ки насли ҷавон метавонад дар сатҳи олӣ дар соҳаи илм навоварӣ кунад. Муборак бод ба дастаи Тоҷикистон!»

Иштироки Тоҷикистон дар барномаи Space Apps Challenge-и Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва тадқиқи фазои кайҳонии ИМА (NASA) дар Маркази амрикоӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Душанбе сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар моҳи марти соли гузашта зикр намуда буданд:

«Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».

Бо назардошти ин, 31 январи соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 дар кишвар «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

______________________
* Ҳакатон (англисӣ hackathon, аз hack (ниг. хакер) ва marathon — марафон) — форуми таҳиягарон, ки дар ҷараёни он мутахассисони соҳаҳои гуногуни таҳияи нармафзор (барномасозон, дизайнерҳо, менеҷерҳо) барои ҳалли ягон мушкилоте якҷоя кор мебаранд. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар».

АКС: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт