Муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Ноябрь 25, 2021 11:14

ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин нуктаро  муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода зимни мулоқот  бо Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ Ханс Шеддер, ки  22 ноябри соли равон доир гардид, иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазири корҳои дохилии мамлакат.

Саиднахш Раҳмонзода дар идомаи суҳбат зикр кард, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи меъёрҳои асосии инсондӯстӣ нисбат ба  гурезагон ва паноҳҷӯяндагон, аз он ҷумла, истифодаи ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидаанд, кафолат дода мешавад. Дар ин радиф мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд»,-афзуд манбаъ.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуда, дар ин самт таклифҳои судманд пешниҳод карданд.

Намояндаи Раёсати минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба Осиёи Марказӣ  Ханс Шеддер барои пазироии самимӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.

АКС: ВКД ҶТ

Ноябрь 25, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид