Намояндагони ВКД Тоҷикистон дар ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии«Интерпол», ки дар он ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд, дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ба кор оғоз кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро сардори Бюрои Миллии Марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шаҳриёр Назриев намояндагӣ мекунад.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои тақвияти имконоти полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи ҷинояткорон, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ, пурзӯр намудани муборизаи дастаҷамъона алайҳи терроризм ва экстремизм, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар масоили мубрам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» то 25 ноябр идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.
Маълумотномаи АМИТ «Ховар»
Интерпол номи ихтисоршудаи (аз соли 1956) Созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ мебошад, ки вазифаи асосии он муттаҳид кардани кӯшишҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи миллии кишварҳои узв дар мубориза бо ҷиноятҳои умумӣ мебошад. Қароргоҳи Интерпол дар Лион (Фаронса) ҷойгир аст.
Миёни дигар вазифаҳо метавон ҳамоҳангсозии ҷустуҷӯи байналмилалӣ, инчунин мубориза бо савдои одамон, ҷомеаҳои муташаккили ҷиноӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳо дар иқтисодиёт ва технологияҳои олӣ ва сохтакории коғазҳои қиматнокро зикр намуд.
Вақтҳои охир ба бехатарии ҷамъиятӣ ва мубориза бо терроризм диққати калон дода мешавад. Бюрои миллии марказии Интерпол (БММ)-и Тоҷикистон дар асоси ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои узвият дар Созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ таъсис дода шудааст. 5 октябри соли 2004 Тоҷикистон ба узвияти Интерпол пазируфта шуда, 182-умин кишвари узви ин созмон гардид.
АКС: Вазорати корҳои дохилии ҶТ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






