Нишасти Ҳинд бо таъкид ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ба поён расид
ДУШАНБЕ, 11.11.2021/АМИТ «Ховар»/. Мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шуроҳои амнияти ҳафт кишвари минтақа дар эъломияи ниҳоии нишасти Ҳинд бар зарурати як ҳукумати ошкоро ва фарогир таъкид карданд, ки иродаи тамоми мардуми Афғонистон аст. Дар ин бора имрӯз радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба хабаргузории Shafaqna Afghanistan иттило дод.
Ҷаласаи минтақавӣ дирӯз, чоршанбе, таҳти раёсати Аҷит Дуал, мушовири амнияти миллии Ҳиндустон баргузор шуд, гуфта мешавад дар хабар.
Бар асоси баёнияе, ки дар ин нишаст мунташир шуд, вазъи кунунии Афғонистон, бахусус вазъи амниятӣ ва паёмадҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии он баррасӣ гардид.
Ширкаткунандагони мулоқот ба ҳифзи тамомияти арзии Афғонистон таъкид карда, ба дахолати қувваҳои хориҷӣ муқобил баромаданд.
Мушовирони амният ва котибони шӯроҳои амнияти миллӣ дар баёния гуфтаанд, ки қаламрави Афғонистон набояд барои паноҳгоҳ, омӯзиш, тарҳрезӣ ва маблағгузории ҳамагуна амалҳоии террористӣ истифода шавад.
Онҳо ҳамчунин хостори ҳамкориҳои дастаҷамъона дар муқобили таҳдиди тундгароӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа шуданд ва бар зарурати ҳукумати ошкоро ва воқеъан фарогир, ки иродаи тамоми мардуми Афғонистон аст, таъкид карданд.
Мушовирони амният ва дабирони шӯроҳои амнияти ҳафт кишвар ҳамагуна фаъолиятҳои террористиро қотеъона маҳкум карда, пойбандии устувори худро ба мубориза бо терроризм дар ҳама шакл ва зуҳуроташ таъйид карданд.
Дар ин ҳамоиш Русия, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Ҳиндустон ширкат доштанд, аммо Чин ва Покистон даъвати Ҳиндро напазируфтанд. Тоҷикистонгро дар ҳамоиш Котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода намондагӣ кард.
Кишварҳои минтақа дар ҳоле ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид мекунанд, ки то ҳол ҳеҷ давлате ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.
Хотиррасон мешавем: яке аз шартҳои асосии эътирофи байналмилалии Толибон*, ки аз ҷониби СММ пешниҳод шудааст, маҳз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст. Аз миёни давлатҳои минтақа Тоҷикистон аввалин шуда, ба зарурияти ташкили чунин ҳукумат таъкид карда буд. Ин даъват дар чанд моҳи охир чандин дафъа аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз ҳамоишу мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ, минҷумла дар саммитҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе ва дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ садо дод.
_____________________
*«Толибон» — ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон
АКС аз манобеи боз








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






