Нишасти Ҳинд бо таъкид ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ба поён расид

Ноябрь 11, 2021 14:31

ДУШАНБЕ, 11.11.2021/АМИТ «Ховар»/. Мушовирони амнияти миллӣ ва  котибони шуроҳои амнияти ҳафт кишвари минтақа дар эъломияи ниҳоии нишасти Ҳинд бар зарурати як ҳукумати ошкоро ва фарогир таъкид карданд, ки иродаи тамоми мардуми Афғонистон аст. Дар ин бора имрӯз радиои «Овози тоҷик» бо истинод ба хабаргузории Shafaqna Afghanistan иттило дод.

Ҷаласаи минтақавӣ дирӯз, чоршанбе, таҳти раёсати Аҷит Дуал, мушовири амнияти миллии Ҳиндустон баргузор шуд, гуфта мешавад дар хабар.

Бар асоси баёнияе, ки дар ин нишаст мунташир шуд, вазъи кунунии Афғонистон, бахусус вазъи амниятӣ ва паёмадҳои минтақаӣ ва ҷаҳонии он баррасӣ  гардид.

Ширкаткунандагони мулоқот ба ҳифзи тамомияти арзии Афғонистон таъкид карда, ба дахолати қувваҳои хориҷӣ муқобил баромаданд.

Мушовирони амният ва  котибони  шӯроҳои амнияти миллӣ дар баёния гуфтаанд, ки қаламрави Афғонистон набояд барои паноҳгоҳ, омӯзиш, тарҳрезӣ ва маблағгузории ҳамагуна амалҳоии террористӣ истифода шавад.

Онҳо ҳамчунин хостори ҳамкориҳои дастаҷамъона дар муқобили таҳдиди тундгароӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва қочоқи маводи мухаддир дар минтақа шуданд ва бар зарурати ҳукумати ошкоро ва воқеъан фарогир, ки иродаи тамоми мардуми Афғонистон аст, таъкид карданд.

Мушовирони амният ва дабирони шӯроҳои амнияти ҳафт кишвар ҳамагуна фаъолиятҳои террористиро қотеъона маҳкум карда, пойбандии устувори худро ба мубориза бо терроризм дар ҳама шакл ва зуҳуроташ таъйид карданд.

Дар ин ҳамоиш Русия, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Ҳиндустон ширкат доштанд,  аммо Чин ва Покистон даъвати Ҳиндро напазируфтанд. Тоҷикистонгро дар ҳамоиш Котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода намондагӣ кард.

Кишварҳои минтақа дар ҳоле ба ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид мекунанд, ки то ҳол ҳеҷ давлате  ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Хотиррасон мешавем: яке аз шартҳои асосии эътирофи байналмилалии Толибон*, ки аз ҷониби СММ пешниҳод шудааст, маҳз ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст. Аз миёни давлатҳои минтақа Тоҷикистон аввалин шуда, ба зарурияти ташкили чунин ҳукумат таъкид карда буд. Ин даъват дар чанд моҳи охир чандин дафъа аз ҷониби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар чанде аз ҳамоишу мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ, минҷумла дар саммитҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе ва дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ садо дод.

_____________________

*«Толибон» — ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон

АКС аз манобеи боз

Ноябрь 11, 2021 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд