ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 17-18 ноябр дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф дар назар аст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар”.
17 ноябр дар минтақаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бориши бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. 17-20 ноябр дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
17-18 ноябр дар шаҳри Душанбе якбора номусоидшавии вазъи обу ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. 17 ноябр дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол бо суръати то 10-15 метр дар як сония вазида, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 10-12 дараҷа паст мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
17-18 ноябр дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ “Ховар”








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






