Ҳоким Холиқзода: Конститутсия дар Тоҷикистон заминаи татбиқи ислоҳоти куллиро фароҳам овард
ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қабули санади ҳаётан муҳим- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии комил ва воқеии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қонунан расмӣ гардид. Ин нуктаро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи тантанавие, ки дар БМТ ба ифтихори 27 – умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр намуд.
Ба АМИТ «Ховар» аз БМТ иттилоъ доданд, ки Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода Конститутсияро санади сарнавиштсози ҳар миллати озодандеш, рамзи саодат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои давлату миллат маънидод намуд.
Тазаккур дода шуд, маҳз Конститутсия заминаи татбиқи ислоҳоти куллӣ дар мамлакатро фароҳам овард, ки ҳадафи асосии он боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди бозаргонӣ дар ҷумҳурӣ барои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
«Ғояҳои арзишманди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардиданд, ки бо эътирофи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо он ба сифати яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳо дар ҷаҳон пазируфта шавад»,-гуфт Ҳоким Холиқзода.
Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода оид ба таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда, дар ин самт заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври хоса зикр намуд. Мавсуф афзуд, ки раванди таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи басо душвор бо супориш ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Таҳияи Конститутсия ва ба муҳокимаи халқ гузоштани он ҳалли маҷмӯи масъалаҳои муҳимро тақозо менамуд. Аз ҷумла, дар робита ба ҳар меъёри он баҳсҳо сурат мегирифт ва дар ин раванд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамуданд, ки инсон ва ҳуқуқу озодии ӯ бояд ҷавҳари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил диҳад.
Дар ҷаласа ҳамчунин оид ба меъёрҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироту иловаҳои ба он воридгардида ва мазмуну муҳтавои онҳо табодули назар сурат гирифт.
АКСҲО: БМТ










ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






