ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – НАМОДИ ИСТИҚЛОЛ ВА ОЗОДӢ. Андешаҳои Раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2021 08:38

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Парчам аз рӯзи қабул дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ба сифати рамзи давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба сарвати муқаддаси маънавии ҷомеаи мо табдил ёфта, хурду бузург ба он бо муҳаббату садоқат нисбат ба Ватан ва давлати миллии худ арҷ мегузоранд. Ин нуктаро зимни суҳбат бо АМИТ «Ховар» Раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Сурайё Раҳимова иброз дошт.

Дар идома ӯ тазаккур дод, ки дар замири ҳар фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа ва дар айни замон мояи ифтихори ӯ ба ҳисоб меравад.

«Зеро парчам ҳамчун ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад, — зикр намуд ӯ. — Бояд гуфт, ки анъанаи парчамдории халқи мо аз умқи таърихи чандинҳазорсола сарчашма мегирад, яъне аҷдоди шарафмандамон ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии давлатдориву парчамдориро тай намудаанд».

Парчами давлатӣ, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, тибқи расму ойини парчамдорӣ бо рангу рамзҳо ва шаклу услуби миллии худ инъикоскунандаи таърихи деринаи халқи тамаддунсозамон мебошад. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ ифодаи эҳсоси муҳаббату садоқати ҳар фарди Ватан нисбат ба давлатдории миллӣ буда, мардуми шарифи Тоҷикистон зери ливои давлати худ дар ҳамаи соҳаҳо садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Ба зикри мавсуф, дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла, «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дирафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он бо мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ- «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад.

«Парчам яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон буда, дар баробари дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишони давлатӣ дар пештоқи толорҳо, вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои давлатӣ, дар биноҳои сафоратхонаву консулгариҳо ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва утоқҳои хизматии ашхоси мутасаддию масъул ва роҳбарони сатҳи гуногун насб шудааст», — тазаккур дод ӯ.

С. Раҳимова иброз намуд, ки имрӯз Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзҳову нишона аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, ки дар таърихи гузашта борҳо давлатҳои бузурги худро доштанд, дар Ливои Президенти кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.

«Аз рӯзе, ки миллати сохибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва муҳимтар аз ҳама, қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд, — иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид».

Тавре ҳамсуҳбати мо баён дошт, парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда роҳнамоӣ кунад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишон аз Истиқлолияти давлатию миллӣ халқи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам партавафшон гардидааст.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2021 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид