«ПРЕЗИДЕНТ – ҲОМИИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 15, 2021 16:24

ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Президент – ҳомии миллат» ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илми педагогика, профессор Ҷумахон Файзализода  иброз дошт, ки “хизматҳои шахсияти беназир Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллии тоҷик, барқарории ҳокимияти сиёсии давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст. 14 ноябри соли 2016 пас аз ба тасвиб расидани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат» мавқеи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвияти бештар гирифт. Ҳамчунин таъсиси сохторҳои муҳими давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи чанд соли охир таъсиси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» нишондиҳандаи мавқеи устувори маснади Президент ва ниҳоди президентӣ дар сохти давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегарданд”.

— Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, идеали ягона дар иттиҳод ва муборизи роҳи созишу амалисозандаи нақшаҳои дурнамои рушди миллат эътироф гардидаанд. Қобилияти ташаббускории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нуфузи ин нобиғаи замонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам зиёд намудааст. Мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи садоқат ба Президент ва ба Ватан таҷлил менамоянд,  зикр шуд дар ҳамоиш.

Дар ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва корманди Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории  Эмомалӣ Раҳмон” Файзалӣ Маҳмуд перомуни фаъолият, талошу хизматҳои шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Президенти мамлакат дар роҳи расидан ва сулҳ ва рушди давлатдории миллӣ изҳори андеша намуданд. Дар интиҳо аз ҷониби донишҷӯёну хонандагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Гимназияи №1-и ноҳияи Варзоб шеърҳо дар васфи Президент қироат гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омадаанд ва суботу осоиштагӣ, роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ мегузоранд.

АКС: КМТ

Ноябрь 15, 2021 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»